Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

асосӣ дар ин ду асар ба ҳам хеле монанданд. Дар “Наводир-ул-вақоеъ” Шукурбек Муллоҳоли шикорчиро мағлуб мекунад ва ба дасти ӯ каме пул дода таъкид менамояд, ки: “Ин пул кироии туст ва инро бардору дигар ба ин шаҳр маист, мабодо ки дигарбора туро бифиребанд ва ба муқотилаи ман барангезонанд. Он гоҳ амон наёбӣ” Дар “Ёддоштҳо” Шукурбек касеро, ки ба умеди мукофот гирифтан муқобилаш мебаромад, мағлуб намуда, ба вай як миқдор пул дода мегуфт: “Ин пулро гиру аз шаҳр бадар рав! Агар дар ин ҷо монӣ, аҷаб нест, ки дуюмбора ба ин гуна ҷасорат қадам гузорӣ, дар он сурат ман ба ҷонат амон намедиҳам”. Чунин тасвирҳои ба “Наводир-ул-вақоеъ” монанд дар “Ёддоштҳо” кам нестанд. Умуман, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Восифӣ ва “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш боиси тасвирҳои боз ҳам барҷастаи ҳаёти воқеӣ дар “Ёддоштҳо”-и С.Айнӣ гардиданд. Инчунин, дар таълифи “Ёддоштҳо” асарҳои тарҷумаиҳолии адабиёти рус, махсусан “Бачагӣ”, “Дар байни мардум” барин асарҳои ёддоштии нависандаи рус А.М.Горкий (1868-1936) чун манбаи адабӣ истифода шудаанд. Устод Айнӣ аз миёнаҳои солҳои 30-юм ба омӯхтани асарҳои А.Горкий диққати ҷиддӣ дод ва асарҳои номбурда дар таҳрири адабии ӯ дастраси хонандаи тоҷик гардиданд.

“Ёддоштҳо”-ям, — гуфтааст С.Айнӣ дар мақолаи “Падари тарбиятгари адабиёти советӣ”, — асосан бо таъсири илҳомбахши “Бачагӣ”, “Дар байни мардум” ва дигар ҳикояҳои ёддоштии ин марди бузург таҳрир ёфтаанд”. Дар ҳақиқат, омӯзиши эҷодиёти М.Горкий ба С.Айнӣ имконият додааст, ки аз саргузаштҳои худ, аз муҳити солҳои кӯдакӣ ва ҷавонӣ чизи асосиро аз чизи ғайриасосӣ ҷудо кунад ва бо ҳамин моҳияти иҷтимоии воқеаҳои “Ёддоштҳо”-ро афзун гардонад.

“Ёддоштҳо”, Қисми аввал “Дар саҳро”. Қисми аввал аз 30 боб иборат мебошад. Касби асосии бошандагони

пешина
аз 343
навбатӣ