Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳуқуқшиноси завод ва ғайраҳо, ва аз шӯъбаи маорифи шаҳр: мудир, ҷонишини мудир, ду нафар методистон, раиси иттифоқи касаба, мудири кадрҳо ва ғайраҳои дигар мисли вагони поезд қатор шуда омада буданд.

Ҳамаи моро амр карданд, то дар долон интизор шавем, зеро ба оғози баррасии парванда дақиқаҳои кам монда буд. Ман дар кунҷе истода, ба чеҳраи рақибонам назар дӯхтам. Аз симояшон маълум буд, ки нигоҳҳои сарду бемеҳр, ҳисси интиқом ҳанӯз дар шараёни хунашон ҷористу ҷой намеёбанд, ки маро нобуд созанд. Танҳо Парпиев дар кунҷе андешамандона истода, ба онҳо ҳамроҳ нашуда буд. Аммо ман ба ҳама онҳо самимона раҳмам омад. Зеро онҳо алайҳи ҳақиқат мубориза бурда, мехоҳанд парчами ботилро боло кунанд, бо он ки медонанД, ин корашон муште ба сӯзан асту аз об тарошидани нақше мебошад.

Ин лаҳза ҷонишини мудири маориф, ки Зайцев ном марди айёре буд, ки ҳамеша роли муҳими миллатзудоиро дар маориф хуб мебозид, ба ҳамагон нигоҳ карду ба ман тири ҳадафашро гардонида гуфт:

-Если пирожник будет делать сапожки, а сапожник будет делать пирожки, то белий свет перевернется, - ӯ бо теги нигоҳаш ба ман нигоҳе кард, аммо рӯяш ҷониби ҳаммаслаконаш буд.

Ҳама гӯё як ҳикмати файласуфонаеро шунида бошанд, ба дилашон ханда нагунҷад ҳам, фих-фих кунон гӯё самимона хандиданд. Ин ба зарбулмасали машҳури халқии "Аз мурдани . ҷон, мехӯрам шалғами хом"-ро шабоҳат дошт, ки дарк кардам, ба ин бечорагон ягон мояи хурсандии намондааст, зеро онҳо бараъло шикасташонро пешорӯяшон медиданд.

-Один за всех а все за одного, - гӯён ҷонишини директор оид ба кадрҳои заводи металлургӣ Степанов низ пичинге парронид.

Ин дам Эшонову Солиев ва Тӯхтаев хостанд бо хандаҳои сохтакоронаашон ба ман аламе бирасонанд, шикамашонро дошта ба тамоми қувваашон садо баланд карда хандиданд.

пешина
аз 385
навбатӣ