Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо ман ба ин манзараҳо пуштамро гардонида, гӯё садояшонро намешунавам, аз тиреза ба берун нигоҳ кардам. Бо вуҷуди ин дилам гӯё аз ҳар сухани онҳо оташ мегирифт, бар замми ин сулфа беист гулӯямро мегирифт. Тасаввур кунед, дар муқобили як гурӯҳи калони интиқомҷӯ маняккаву танҳо меистодам. Акчурин низ ин ҳоламро дарк карда, маро бо имояш тасалло дод, ки сабур бошам. Ба ӯ табассум кардам, ки маънои хуб будани ҳолати рӯҳиямро дошт.

Аз рӯзи аттестатсияи ғайриқонунӣ ва инчунин аз суди халқии шаҳри Исфара ба ман аён буд, ки дар ин "ҷашн" низ аз рӯи барномаи пештар тарҳрезишуда нақш хоҳанд бозид. Нигоҳҳои айёронаи онҳо ин маъниро бароям бозгӯ менамуд, ки алайҳи ман ҳар кори ғайримунтазираро низ раво хоҳанд дид. Ман аз Парвардигор сабр хостам, зеро Паёмбари Ислом Расули акрам (с) сабрро беҳтарин кушоиш ва зафар дар ҳадиси мубораки худ донистаанд.

Ин лаҳзаи пуриштироб дуое, ки Муҳаммад (с) дар аснои нороҳатии худ мехонд, ба хотир овардам:

"Парвардигоро, пеши ту рози дил фош мекунам ва заъфи хештану беҳудагии талошҳои худро ошкор месозам. Дар чашми ин мардум беаҳамият ҳастам, эй бахшандаи раҳим. Худоё, мани заифро ту сарварӣ. Таркам макун, маро тӯъмаи бегонагон масоз, ҳар гоҳ розӣ бошӣ ман дар амон хоҳам буд. Дар нури ҷамолат макон мехоҳам, ҳар гунае, ки туро писанд меояд, мушкилотамро дафъ соз, ҳеҷ қудрате, ҳеҷ нерӯе ҷуз Ту вуҷуд надорад".

Риштаи чунин хаёл маро ба сӯе кашид, ки ҳатто дигар нафаҳмидам эшон чӣ мегӯянд. Ин дам овози журналист Дадоҷон Норматов маро ба худ овард:

-Муаллима, шуморо як дақиқа мумкин?,-ӯ бо дасташ ба берун баромадан ишора кард.

Ҳар ду берун баромадем.

-Шумо худатон дар суд танҳо иштирок мекунед?

-Не, ҳимоятгарам ҳаст,-посух додам.

-Наход ин ҳама ҷамъи мардум муқобили шумо омада

пешина
аз 385
навбатӣ