Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Не, не, ҳолам хуб аст, муаллим, шумо ҳавотир нашавед, ҳамааш хуб аст,- гӯё як навъ хуб будани худро базӯр нишон дода посух додам ман. Аммо ҳолам он қадар мусоид набуд.
Ҳамин лаҳза аз қафо "мебахшед, ассалом" гуфтани касе сӯҳбати ману Наилро қатъ кард. Ба қафо баргаштам, ки ҷавони ҷиддисимои миёнақад, ки дар дасташ папкаи сиёҳ дошт, ба ман нигоҳ мекард.
-Ва алайкум ассалом,-мутаҳаййирона бадали салом кардам.
-Ман Дадоҷон Норматов, хабарнигори телевизиони вилояти Суғд, аз шӯъбаи "Инсон ва қонун",-дасташро пеши бар гирифта ба сухангӯй даромад ҷавонмард,-бубахшед, шумо Исомаддинова?,-ба чашмам рост нигоҳ карда пурсид.
-Бале, ман, хушҳолам, ки омадед,-сулфида ба зӯр ҷавоб додам.
-Мо дар асоси мактуби шумо ба суд омадем, коргардонҳои мо дар шаҳри Исфара, шояд ҳамин замон омада монанд, ман ҳамин ҷо, як назди раиси суд дароям,-суханаш канда-канда, аммо пур аз ҷасорат ба гӯшам расид. Ӯ инро гуфту ба назди раиси суд даромада рафт.
Пас аз чанд дақиқаи дигар сабукрави "Волга"-и ГАЗ-24 ва як автобус ба назди идораи суд омада таваққуф кард. Аз дохили мошини сабукраву автобус қариб 25-27 нафар фаромада, дохили бинои суд шуданд. Гӯё ҳама маро намешинохта бошанд, ба сӯям ҳатто назаре надӯхта, вориди бино шуданд. Танҳо Бобохон Парвиев салом доду самимона аз ҳолам пурсон шуд.
Ҳимоятгарам Акчурин аз ман дида бештар дар тааҷҷуб афтод:
-Худаш чӣ гап, дар заводу маориф ягон роҳбару посбон намонда омадаанд-ку,-чашмашро калон кушода, бо ҳайрат сӯям маънидорона нигоҳ кард ӯ.
Дар ҳақиқат ба ғайр аз директори завод Абдуҷаббор Каттаев, боқӣ ҳама ҳозир буданд. Он вақт Каттаев дар сафари хизматӣ қарор дошт. Дигарон аз ду нафар ҷонишини директор сар карда, то сармуҳандису раиси иттифоқи касаба,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё