Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

поям хушк шуд. Зеро медонистам, ки баръакс дар завод ӯро ҳимоят мекунанд, на сарзаниш. Ин тахминам хато набаромад. Баръакс мани ҷабрдида сарзаниш шунидаму халос, Ольга Петрова бошад мамнунона даст афшонида хушҳол баромаду рафт. Ягон чора намонд.

Шабе ба даргоҳи Яздони пок бисёр нолаву зора кардам, ки роҳи ин муамморо бароям кушояд. Поси шаб дар намози таҳаҷҷуд дилам якбора рӯшан шуд. Ҳайрон шудам, ки чӣ шудааст бо ман, ки якбора ботинам чун ғунҷаи гул кушода шуд. Хобам хеле дер бурд. Субҳ аз хоб хестам, ки дар вуҷудам ягон тарсу ваҳме набуд. Аз ин пеш ҳар субҳ дили ҳаросон мехестаму медонистам, ки як рӯзи бад маро мунтазир аст. Ин субҳ бошад, дилам моломоли фараҳ ва ботинам пур аз ғайрату ҷасорат буд.

Ба коргоҳ расидам. Пештар, ки ба остонааш поямро мегузоштам, эҳсос мекардам, ки гулӯямро касе бӯғӣ мекунад. Аммо имрӯз бо илтифоти том ба кӯдакистон омадам. Дар долон Манзура ва Зайнураро дидаму эшонро барои маслиҳат ба утоқи кориям ҷеғ задам. Ба Манзура фаҳмондам то дар ошёнаи поён истад ва дар камин бошад, ки кай Ольга бо гурӯҳи ҳаммаслаконаш ба ҳузури ман медароянд. Он дақиқае, ки онҳо чун ба дафтари кориам ворид шуданд, ҳатман Зайнураро хабар кунад, то ӯ омада баъд аз андак даромадани Ольга дари кории маро аз берун қулф кунад, аммо калидро дар ҷояш монад. Онҳо маслиҳати маро аз барқи чашмонам дида, бо таҳайюр ризо шуданд. Пурсиданд, ки асрор дар чист.

  • Сонитар хоҳед донист, - ҳамзамон ба Манзура таъкид кардам, ки баъди даромадани Ольга ба утоқи кориам кӯшиш кунад, ки расо баъди 15 дақиқа ба милиса занг занад. Ӯ розӣ шуд.

Пеш аз ин дар дафтари кориам як чӯби дарози полшӯиро, дар кунҷе рост мондам. Номаълумакак чӯти ҳисобро таги пойи мизам гузоштам.

Ольга, Зотова ва Хатамова чун ҳама рӯз ба наздам даромаданд. Ольга дид, ки ман сари хам навишта истодаам.

пешина
аз 385
навбатӣ