Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
заводро низ шӯронидаанд? Бо андешаҳо маъюсу навмед аз завод берун шудаму тасмим гирифтам, ки корро бас мекунам. Аммо боз ҳамоно гуфтаҳои София ба ёдам меояд, ки мегуфт «шумо бояд мубориз бошед ва аз роҳи ҳақиқатҷӯй канор наравед». Худоё, чӣ кунам, худат мададам кун. Дигар қудрату қуввае надоштам.
Дар хона ҳам асрори лату кӯби корхона ва таҳдиди заводро ба шавҳарам ва дигар хешу ақрабо нагуфтам. Танҳо бо Худованд роз мегуфтам, ки маро бар муқобили инсонҳои қачрафтор пирӯз гардонад.
Баъди он ки Олга ва ҳамроҳонаш аз рафтан ба завод шикоят кардаву навмед шуда бозомадани ман воқиф шуданд, онҳо боз нерӯи тоза пайдо карданд. Зулмашон ба сари ман зиёдтар шуд.
Аз ҳама аламовар он буд, ки барои омода намудани рӯйхати (табел) кории коргарон заҳмати чор-панҷ рӯз сарф мешуд. Боре ин рӯйхатро, ки ному насаби 54 нафар коргар дар он мусаббит буд, омаду бе ягон пурсишу посух гирифта дарронида партофт.
Аз маъмурияти завод ман таъна мешунидам, ки сари вақт табелро ба онҳо намедонам. Аммо ман барои худсафедкунӣ шоҳиде надоштам.
Чунин муносибати ваҳшиёнаи Олга маро хеле дар ҳузури кормандони кӯдаккистон сархам намуд. Бо ин ҳама ман тоқат кардам. Ҳар рӯз дар худ борҳо мешикастаму дар худ орзуҳоямро дафн мекардам. Мақсади аслии ба ошёнаи дуввум кӯчонидани ман низ он лаҳзаҳо рӯшанам шуд, ки ин ҷо хилват асту доду фарёди маро касе намешунавад.
Ба бисёр мақомот муроҷиат кардам, аммо бо баҳонаи он ки далели шайъӣ ва шоҳид вуҷуд надорад, муроҷиати ман ба як канор фурӯгузор мешуд.
Намедонистам чӣ кор кунам. Дар мақомот боре ба ман гуфтанд, ки дар бораи муносибати бади Олга нисбат ба сарвари кӯдаккистон ҳуҷҷатҳоро омода сохта ба муҳокимаи раёсати заводи металлургӣ ирсол доштаанд. Мадори дасту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё