Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
намедонистам чӣ кор кунам. Дар дилам аз муносибати онҳо чунон аламе барпо мешуд, ки дарро аз дарун қулф карда, дарун-дарун бо садои паст гиря мекардам.
Аз режими бедодгар, ки дасти ғайритоҷикон ва чанде косалесони русмаобро дароз карда буд, дилам дар худ шукуфаи андӯхро эҳсос кард. Медонистам, ки агар Олга Петрова дар раёсати завод ҳимоятгарони худро намедошт, ин гуна бо сарвари корхонааш муносибат намекард. Медонистам, ки аз ин кори Олга ҳатто дар раёсати иттифоқи касаба ва дигар афроди каллачунбони завод огоҳ буданд. Зеро аз ин пеш аз баъзе дӯстонам фаҳмида будам, ки вақтҳои охир даробарои Олга Петрова ба завод бештар шудаасту ҳимоятгаронаш ӯро ба ин кӯча водор кардаанд ва эшон пайт мепойидаанд, ки кай маро бишкананд. Ҳаволашонро ба Худо супоридаму боз аз алам инони гиряро сар додам.
Баъд сар шуд, таҳдиди рӯирости Олга ва дигар ҳаммаслаконаш. Ростӣ ӯро ҳар бор дар долон ва ё ҷои дигари кӯдакистон медидам, дасту дилам як бора аз кор мемонд. Пайхас кардам, ки нисбати ӯ дар вуҷудам тарс пайдо шудааст. Олга Петрова, ки муқобилати маро ҳангоми қаҳрамониҳояш- яъне ҳақорат, ба сару рӯям даст бардоштанаш надод ва танҳо зораву таваллои маро шунида буд, аз ин илҳом гирифта боз аз пештар бештар сари ман мушт мебардоштагӣ шуд.
Аз ин кораш ба раёсати завод ва ба хусус ба иттифоқи касаба шикоят бурдам. Аммо ман бехабар аз он ки маҳз худи иттифоқи касаба ва ҳуқуқшиносу ёварони раиси завод, ҳимоятгари Олга Петрова буданд. Дар он ҷо баръакс маро сарзаниш карда, мегуфтанд, ман бояд муросо кунам. Бе ягон рӯйпӯшӣ мегуфтанд, ки ман гӯё дар кӯдакистон миллатгароӣ кардааму мураббиёни тоҷикро ҳамеша ҳимоят мекардаам. Ман гӯё кӯдаконро дар рӯҳияи миллӣ тарбият мекардаам. Ин буд гуноҳи ман. Магар рӯҳияи миллиро бедор сохтан ва муҳаббати ватану забони модариро дар дили тифлакони малакутӣ бедор сохтан, миллатгароӣ аст? Магар навохтани як сози миллӣ нони русҳоро нимто сохтааст, ки ин қадар алайҳи ман раёсати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё