Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман, ки аз хурдӣ дар рӯҳияи осоиштагӣ ва тарбияи накӯи ниёгон ба воя расидаам ва ҳеҷ гуна ҷанҷолу пархошеро надида будам, аз ин пешомад хеле дар шигифт шудам ва аз ростӣ вуҷудамро тарсу ваҳм фаро гирифт. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки ӯ зани аз ҳар кор рӯй наметофтааст.

Ин пайхаси ман хато набаромад. Ӯ бо ҳар баҳона ба утоқи кориам ворид мешуду мураббияҳои тоҷикро "корова, свиня, баран" лақаб мегузошт. Зеро он мураббияҳои тоҷик бечорагон бо забони русӣ хуб балад набуданд ва мебоист, ки тибқи суннатҳои давлати коммунистӣ нақшаи кориашонро бо забони русӣ нависанд. Гузашта аз ин, Ольга Петрова аз онҳо мисли оҳан талаб мекард, ки ҳатман нақшаи кориро бо забони русӣ нависанд. Хоҳу нохоҳ бечора мураббиён, ки русиро хуб намедонистанд, дар рафти навишт ба ғалатҳо роҳ медоданд. Аз ин рӯ, зери тозиёнаи танқид ва алфози баду қабеҳи Ольга Петрова, Хатамова ва Зотова барин афрод мемонданд.

Борҳо ба ин маънӣ Ольга Петрова ба ҳузури ман медаромад ва аз ман қотеъона талаб мекард, ки нисбати мураббиёни "бесавод" чора андешам. Аммо ман, ки мехостам кӯдакони тоҷик дар рӯҳияи миллӣ парвариш ёбанд, ба гуфтаҳои Ольга Петрова аҳамият надодам ва баръакс ҳамеша ҷонибдори ақидаи миллӣ ва рӯҳияи ватанпарастӣ будаму бас. Аммо бояд мардона (ҳарчанд зан бошад ҳам) иқрор шавам, ки аз ин талабу таҳдиди Ольга ба ҳарос афтода будам.

Кор ба ҷое расид, ки ӯ аз ҳимояти ман нисбат ба мураббиёни тоҷик рӯи рост алайҳи ман мешӯрид. Борҳо Шарифуллина, Зотова ва Хатамоваю Петрова дари утоқамро боз карда бе ягон муқаддима ба истеҳзои ман мепардохтанд.

Борҳо низ чунин шуда буд, ки саргарми кор тамоми ҳуҷҷатҳоро рӯи миз бо тартиб чида мемондаму ин ҳангом ин қаҳрамонон даромада ҳуҷҷатҳоро титу парешон ва лахту пора карда ба сару рӯям ҳаво медоданд. Ва дар охир бо ҳақорати қабеҳи русиашон "сука" гуфта бо кароҳат баромада мерафтанд.

Ман, ки рӯйи фарш пуштам ба девор такя зада менишастам,

пешина
аз 385
навбатӣ