Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
буданд, ки ин гурӯҳ ҳатто дар раёсати заводи металлургӣ ҳимоятгарони худро доштанд. Аз ин кори ман ба раиси иттифоқи касабаи завод Солиев Абдуқадим, ҷонишини директор оид ба иқтисод Эшонов Қутфиддин, ҳуқуқшиноси завод Тӯхтаев ва ба дигарон даҳҳо аризаи шикоятӣ навишта буданд, ки ман гӯё миллатгаро будаам. Зимнан, садҳо бор мефаҳмонидам, ки ошно сохтани кӯдакон бо созу навои миллӣ ва тарбият кардани эшон дар рӯҳияи миллӣ наметавонад ҷанбаи миллатгароӣ дошта бошад. Аммо Олга Петрова аз муборизааш даст накашид. Кор то ҷое расид, ки ин зани қоқинаи қадбаланди даҳонкалон ба ҳуҷуми бевосита ва зӯргӯиву таҳдид гузашт. Ӯ ҳар замон ба ман мегуфт:
- Агар кори туро дар завод ҳал накунанд, ман худам роҳи ҳалро меёбам.
Сонитарҳо дарк кардам, ки Петрова ва ҳамроҳони ӯ дар завод пуштибонҳои воқеан каллаҷунбон доштааст.
Пуштибони асосии онҳо раиси иттифоқи касаба Абдуқадим Солиев буд. Абдуқадим Солиев, марди қоматбаланд, босиёсат ва дар сар ҳамеша шляпа дошт, ки салобати ӯро дучанд мекард. Ғуломи қонун набуд, балки тобеи хоҳиши худ ва атрофиёни худ буд. Ба дину оин умуман бераҳмона назар дошту аз ҷиҳати шариат парҳезкор набуд.
Инчунин сармуҳандиси завод Казбан ва шумораи зиёди аъзои раёсати иттифоқи касаба, ки аксарият русзабонҳо буданд, ҳамеша аз Петроваю ҳаммаслаконаш пуштибонӣ мекарданд.
Тарафи саввуми ин секунҷаи Бермуд ҳуқуқшиноси завод Тӯхтаев буд. Д.Тӯхтаев ҳуқуқшиноси завод, қоматдор, гандумранг, аз чеҳрааш марди хубу хушсухане буд, аммо ботини худхоҳ ва хеле аз ҷиҳати ҳуқуқ камсавод буд. Ҳар чизе ки ба салоҳияти худаш аст, онро қонун меҳисобид. Аз ин хусус ҳам аз ҷониби суду прокуратура хеле сарзаниш мешунид. Хислати ҷиддии мардона умуман дар ӯ набуд. Дар рӯҳсори чапаш осори ҷароҳати қаҳваранге намудор буд.
Маҳз ин нафарон афроди калидии завод буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё