Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

-Что делаем?- ба ҷои салом ба пурсиш даромад Ольга. Чун ӯ худро ҳокими мутлақ медонист ҳама рӯз муносибаташ чунин ва оғозсуханаш барои баҳонаи ҷанг айнан ҳамин лафзи русиаш буд.

-Не видишь разве, пишу как всегда,-сарамро набардошта посух гуфтам.

Олга аз ин посухам, ки қаблан аз ман нашунида буд, якбора чун модагурге ба сӯям ба ҳамла гузашт. Бо як чобукӣ худро ба кунҷи утоқ гирифтаму дастчӯби полшӯйро гирифта рост ба сараш ҳуҷум кардам. Олга аз ҳайронӣ надонист чӣ кунад. Аз ин пешомад истифода бурда то тавонистам ба тамоми аъзои баданаш задан гирифтам. Бароям фарқе набуд, ки сараш аст ё рӯяш ё миёнаш задан гирифтам. Олга ба кунҷи утоқ мисли гурбаи ба об афтода нишаста бо тамоми вуҷудаш доду вой дод кард.

Зотова ва Хатамова аз ин амал дар қаҳр шуда, худро ба майдони ҷанг заданд. Болои хашмам намедонам Худованд ба ман ин гуна қуввату ҷасоратро аз куҷо дод, ки онҳоро ҳам зери лату кӯби шадид қарор додам.

Расо баъди 15 дақиқаи маслиҳати пешакӣ бо дастчӯби фаршшӯй ба оинаи тирезаи утоқ як то задам, ки шикасту рехт. Баъдан рӯйи мизи кориамро, ки пури дафтару ҳуҷҷату дигар варақҳои лозимӣ буд, чошу пош карда ҳаво додам. Ин ҳангом эҳсос кардам, ки аз ошёнаи поён шарфаи пое шунида мешавад. Пайхас кардам, ки касе оҳиста ноаён дарро кушода ба дигар утоқ ғайб зад. Якбора дар кушода шуда Манзураву ду корманди милиса даромада омаданд. Ман ҳам сохтакорона ба фарёд даромадам. Олгаву Зотова ва Хатамова аз тарс чизе намегуфтанд. Ман бошам гӯё зарба хӯрда бошам, сару рӯямро дошта фиғон бардоштам.

Ин ҳолатро Зотова дида, дар тақлиди ман ӯ низ остини куртаашро дарронид. Мӯйҳояшро боз парешонтар кард. Ӯ низ сохтакорона фарёд зада бо як оҳанг маро "ах ти сволич, сука, еще ...." гуфта дод мезад. Ин ҳолат бароим хеле хандаовар тофт. Аммо худро бо зӯрӣ ба даст гирифтам.

пешина
аз 385
навбатӣ