Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба кормандони милиса шикоят кардам, ки онҳо маро зада оинаи тирезаро шикастанд ва тамоми ҳуҷҷатҳоямро чошу пош карданд. Барои исбот дар таги пои мизи кориаш, ки ҷӯти ҳисобӣ истода буд, нишон додам. Милитсионерон ҳам ба ҳарфҳои ман бовар карда, ҷониби маро гирифтанд.

Зеро 15-20 рӯз қабл дар асоси дархости ман аз шӯъбаи ҳушёрхонаи милисахона барои исботи нӯшокии масткунанда дар кӯдакистон ҳамчун "плановая проверка" санҷиш гузаронида буданд. Зотова дар ин санҷиш ҳамчун маст ба қайди санади онҳо гирифта шуда, Петрова ва дигарон бо ҳар баҳона аз ин санҷиш думро хода карда гурехта буданд.
Хандаовартараш он буд, ки духтарони тоҷик низ аз ин санҷиш гузаштанд. Аз ҳама аҷиб мураббия Проника Оксана дар соати оромии кӯдакон, ки аксарияти кӯдакон хоб набуданду аз тарс худро хоб вонамуд мекарданд, бо ҳамроҳи ошиқаш тоҷикписаре машғули айшу ишрат буд, ӯ низ бо мотосикли дучархаи ошиқаш ғайб зада буд. Ин воқеаро ёвари мураббия Кимёхон баъдтар нақл карда буд...

Дар асоси ин ҷанҷол протокол тартиб дода шуд. Манзураву Зайнура ва дигарон низ мисли шоҳидон имзо монданд ва баёнот навиштанд, ки ҳар рӯз методист Олга Петрова сарвари кӯдакистон Наҷотхон Исомаддиноваро зери мушту лагад мегирад. Ҳуҷҷатҳо дар ҷойи ҳодиса ба имзо расиданд. Ҳарчанд Олга Петрова фаҳмонид, ки кор ин гуна нест, аммо корманди милиса бовар накарду ҷониби маро гирифт. Бо ҳамин сар шуд оғози муборизаи ман алайҳи чунин номардии масъулин ва худбинии русзабонҳо.
Баъди ин ҳодиса тамоми худбиниҳои Элмираву Олга, Зотоваю Хатамова ва дигарон дарҳам шикаст. Маро дар долон ҳам медиданд, даст пеши бар гирифта салом медоданд.

Худро ғолиби мутлақ намеҳисобидам, аммо донистам, ки алайҳи чунин номардиҳо ҳатман номардӣ коргар мешудааст.
Ҳарҷо рост гуфтам, маро қабул накарданд. Аммо ин бор ки тадбирро дигаргун кардам, чашми ҳамаашон мош барин кушода шуд.

Бо ин ҳама аз ҷониби милиса парванда боз гардид ва

пешина
аз 385
навбатӣ