Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
тибқи анъанаи шӯравӣ муҳокимаашро боз ба заводи гидрометаллургӣ равон карданд. Он ҷо мутаассифона на балки муҳокима накарданд, ҳатто маҷлисе пиромуни ин масъала набардоштанд. Бо вуҷуди чунин пешомад ман медонистам, ки дар раёсати завод ҳатман кор чунин ранг мегирад.
Ин ки як монеаи бузурги кориро бартараф сохтам, ҷиддан машғул шудам ба тарзи нави тарбияи кӯдакон. Тамоми дастуроти таълимии шӯравӣ, ки ормони миллии моро ҷавобгӯ набуд, маро қонеъ накард. Дар сарам фикре пайдо шуд, ки тифлҳои замони навро бо тарзу усули нав бояд тарбия кард. На ин ки бо андешаҳои пучи подарҳакои дарвинизму бехудоӣ. Ба завқам ягон методи тарбиявие барнахӯрд, ки ба талаботҳои миллию ҷавҳари ватандӯстиву забони модарии мо ҷавобгӯ бошад. Ҳамакнун ки оғози давраи ошкорбаёнисту ҳуқуқи фитрии ҳама озодтар шудааст, бояд дастуре зарур, ки пур аз ганҷу ғановати маънавии ниёғону аҳодиси Паёмбар (с) ва фармудаҳои Худованд бошад. Тамоми китобхонаҳои ҷумҳуриро гаштам, аммо ин гуна дастуре наёфтам. Аз ин рӯ, худ камари ҳиммат бастам, то чунин дастуре ба миён оварам.
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ин байти бузургонро падарам, ки аз хурдсолӣ ба мо талқин мекарданд, бароям як ҷаҳон маънӣ буд. Ин лаҳза дар зеҳнам андешае таваллуд шуд, ки агар меъмор хишти аввалро рост ниҳад, албатта девор то ба охир рост меравад. Аз ин хотир, бояд рисолае таълиф кунам, ки бо унвони "Хишти аввал" бошад. Аз Худованд кӯмаку ионат дархост кардам то дар ин ҷодаи пеш гирифтаам муваффақам гардонад. Ба худ суол додам, ки мани муҳосиб куҷову таълифи китоб куҷо. Аммо аз раъям нагаштам. Сараввал аҳодиси Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ва дигар навиштаҳои ниёгонамонро, ки пиромуни тарбияи фарзанди инсони комил буд, ҷамъ овардам.
Ба ҳузури қиблагоҳӣ шитофтам ва аз раъйи хеш ба он кас иттилоъ додам. Падар андак сукут варзиданд ва ҷиддан ба ваҷоҳатам нигоҳ карда пурсиданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё