Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
қарор дорад. Аз ин рӯ вақте фаро расидааст, ки бояд нуқтаҳои таълиму тарбияро тоҷикон соҳиб шаванд.
Ҳоказо он кас аз бобати миллату дилсӯзиву ғамхорӣ нисбат ба ояндаи он чунон бо ҳарорат ҳарф гуфтанд, ки ба ҷуз розӣ шудан ба ман роҳе намонд. Зеро ҳисси миллатдӯстирӣ дар ман аз замони донишҷӯиям милод ёфта буд. Медидам, ки тоҷикон воқеан дар курсӣҳои тобеъӣ кор мекарданду ғайритоҷикон дар курсӣҳои фармонравой. Шояд ба ин хотир бошад, ки лоҷарам даъвати эшонро пазируфтам.
Дар озмун 6 нафар иштирок доштем. Мо ду нафар берун аз кӯдакистони боқӣ чаҳор нафар аз худи кормандони кӯдакистони мазкур будааст. Насиби худованд будааст, ки ман дар озмун бо барномаи махсуси худам тартиб дода ғолиб омадаму расо 1 ноябри соли 1990 фармони сарвари заводи гидрометаллургӣ оид ба сарвари кӯдакистони №39 таъин шуданам содир шуд. 13 ноябри ҳамон сол ба кор шурӯъ кардам.
Аз ростӣ, ки таҷрибаи роҳбарӣ ва бар замми ин маҳорати тарбиявӣ надоштанам, маро бисёр азоб медод. Гумон кардам, ки кор бо ин ҳама надонистани таҷрибаи роҳбарӣ оҳиста-оҳиста маҷрои худро меёбаду осон мешавад. Гумон кардам, ки ин даргоҳи тарбия даргоҳи муқаддас асту инсонҳои наҷибу фарҳангӣ ҷамъ омадаанд.
Аммо аз оғози рӯзи якуми кориам ошкор шуд, ки тахминҳои ман ботил баромаданд. Ман он даргоҳи поке, ки интизораш будам, он даргоҳ набудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё