Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Рӯзи чоршанбе: аввали рӯз нек
бошад то завол, он гоҳ бад бошад
то аср, он гоҳ нек бошад то
хуфтан
Оғози шикаст ва имтиҳоноти тақдир
Даҳаи аввали моҳи ноябри соли 1990. Рӯзи аввали кориам дар кӯдакистони № 39 маро зарбаи аввали тақдир ва имтиҳони худованд пеш омад. Дар чеҳраи кӯдакони маъсум, ки бо тамошои ҳар яки эшон дарке аз маънии қудрати Худовандӣ ба чашм ва зеҳни инсон бармехӯрад, маро низ шодию масаррат дар дил падидор гашт. Аз пешонии ҳар яки ин кӯдакон ба назарам ламъаи нури Худованд чашми ҳар бинандаро хира мекард, ки маро мафтунтар ба кори тарбия намуд. Ҳарчанд аз ин пеш бо кӯдакон рӯ ба рӯ мешудам ва худ низ, ки модари се фарзандам, то ба ин ҳад маро ба худ накашида буд. Шояд аз он бошад, ки ин ҷо кӯдакони зиёд сарҷамъ омадаанду фариштаҳои хобҳои ман низ миёни ин кӯдакон бошад, маро бештар бо меҳр ба сӯйи тарбияи кӯдакон кашид. Маро ҳайъати кормандони кӯдакистон ба утоқи кориам раҳнамой карданд. Аммо хилофи чеҳраҳои малакутии кӯдакон симои кормандони кӯдакистонро хираву пур аз кина дарёфтам.
Аксари кормандони ин кӯдакистон, ки русзабонҳо буданд, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё