Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ман, ки мунтазири ин гуна сӯҳбат набудам, аз таҳайюр надонистам, ки чӣ посуҳе гӯям. Аммо худро дарҳол ба даст гирифтаму бе ягон хулоса рад кардам. Зеро медонистам, ки дар коргоҳи шавҳарам ҷойгоҳи хубу маоши иктифоӣ дорам, ки ҳоҷат ба кори дигар нест. Каттаев исрор карданд, ки рад накунам. Аммо бо вуҷуди исрори он кас бо ҳазор маъзарат аз иштирок дар озмун худдорӣ кардам.
-Хайр, ҳеҷ гап не хоҳарам Наҷотхон, боз як бори дигар андеша кунед, шумо барин мутахассисон ба мо даркоред,- инро гуфтандду ба ҳуҷҷат имзо гузоштанд. Ман бо Каттаев худоҳофизӣ кардаму аз ҷой боло шудам ва худро аз утоқи қории сарвари завод берун кашидам.
Ба дарвозаи завод расидан замон гуфтаи София ба сарам зад, ки ӯ мегуфт:
"Аз миён чиҳил рӯз нагузашта ба шумо кореро пешниҳод мекунанд, ки не нагӯед ва ҳатман розӣ шавед. Зеро дар он розигии худованд аст..."
Сарам чарх зад. Худоё! Охир то ба имрӯз қариб чиҳил рӯз мешавад. София ин рӯзро аз куҷо медонист? Суолҳо пайи ҳам асабамро хароб мекарданд.
Бегоҳӣ баъди кор ба Ҳамидахон занг задам ва шарҳи ҳолати имрӯзаро баён доштам. Дугонаам "ё тавба" гуфту ӯ низ ҳайрон шуд, ки София ин рӯзро аз куҷо медонист.
-Наҷотхон илтимос не нагӯед, розӣ шавед. Ман ба гуфтаҳои София ихлос пайдо кардаму натиҷаи хубашро дидам. Шумо ҳам рад накунед,-бо исрор маро ба кӯчае, ки интизораш набудам, бо маслиҳат Ҳамидахон тела кард.
Шаби дароз фикр кардам. Медонистам, ки он солҳо боғчаҳои бачагона маоши хуб надошт. Бар замми ин ба кори роҳбарии худ бовар надоштам. Аз ҳама муҳим бароям дар паҳлӯи шавҳарам кор кардан басо гуворо буду дилпурӣ дошт. Аз ин рӯ, ман қарор додам, ки пешниҳоди Каттаевро рад мекунам.
Пагоҳии он рӯз боз ба назди Каттаев даромадам. Он кас аз дирӯз бештар бароям мулотифат кардандду фаҳмониданд, ки дар шаҳр тамоми риштаҳои тарбиявӣ дар дасти ғайритоҷикон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё