Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ниҳоят, ў аз ҷой бархест ва дар болои гилеми моҳутдор ба тарафи тиреза ҳаракат кард. Тирезаро кушод… Чашм ба саҳни ҳавлӣ дўхт. Ҳама ҷо зери барф. Зимистон бо тамоми ҳастиаш ҳукмронӣ дошт. Офтоби ба ғуруб рафта истода ҳатто шўълае надошт. Ҳамид Ҷовид аз назди тиреза қафо гашт. Хост ба маркази гармдиҳии шаҳрӣ занг зада аз вазъи ҳол огоҳ гардад, вале ҳамоно аз райъаш гашт. Ҳарчанд ў дар Сарчашма одами нав бошад аз ҳолу аҳволи шаҳр ва шаҳрдорӣ огоҳӣ дошт. Ў нағз мефаҳмид, ки дар кори идораҳои барқу газ ва хоҷагии коммуналӣ чун замони пахтасупории ҳукумати шўравӣ ҳамеша баҳона ҳаст. Маҳз изофанависию пеш аз муҳлат гузориш додан аз тайёрии хеш ба зимистон низ ба идораҳои мазкур аз замонҳои ҳукумати шўравӣ мерос монда бошад? – суол дод ба худ.
«Дар он замонҳо ҳаргиз дар масъалаи барқу газ ва системаи гармдиҳӣ норасоие набуд», – нидо омад аз қалбаш. Нидое, ки ба дурустиаш касе шубҳа надорад, нидои марди ранҷбар…
Ҳамид Ҷовид дар чунин корҳо ҳаргиз аз паси панҷа нигаристан намехост ва мақоли халқии «ба умеди чоруқи анбунӣ пота дар хор намонӣ»– ро ба ёд оварда ҳамоно ба сари мизи кориаш баргашту гўшаки телефонро бардошта чанд рақамро дар диск чид…
Субҳи рўзи дигар ў аз номи сардори раёсати шаҳрӣ бо номи сардори шуъбаи хоҷагии вазорат дархост гирифт ва то бегоҳ барои ҳамаи дафтарҳои кории идора як донагӣ гармкунакҳои барқӣ овард, вале ин кор баъди як рўз амалӣ гашт, ҳоло бошад ў низ аз либосовезак палтояшро гирифта ба бар карда сари андешаҳои хеш дода шуд…
… 13 …
– Дадои Собир.
– Лаббай.
– Ту аз куҷо?
– Аз Домодедово4 рост ба ҳамин ҷо.
– Аз омаданатон ягон сухан нагуфта будед– ку?
– Ҳамин хел, нохост фикре ба сарам омаду дишаб ба фурудгоҳи шаҳрӣ рафтам. Акнун гўй, ки Собирҷон чӣ хел, вай ҳоло дар куҷо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё