Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба ростӣ ман худам ҳам аз вохўрӣ бо ҳамсари Розиқ Амон чизе нафаҳмидам. Аниқтараш фаҳмидаму ба хулосае омада натавонистам.
– Шумо ҳам? – бо нимтабассуме гуфт Ҳамид Ҷовид.
– Бале.
– Боварам намеояд, шахсе ки дар корҳои ҷустуҷўӣ сагро бо устухонҳояш фурў бурдааст, имрўз музтар монда бошад.
– Дар асл ҳамин хел аст, рафиқ подполковник.
– Шояд шунавем, ки он чӣ муаммои сарбаста аст.
Сорбони Ҳомид саргузашти талхи Садорати Ҷумъаро қариб, ки начакондаву нарезонда ба самъи мусоҳибаш расонид.
Лаҳзае фазои дафтари кории Ҳамид Ҷовидро хомўшӣ фаро гирифт.
Ба ҳама сардии ҳавои дохили бино нигоҳ накарда Сорбони Ҳомид дар пешонаи фарохи бемўи соҳиби дафтари корӣ сар задании арақи баданро дид. Шояд нигоҳи зердастро ҳис кард, ки Ҳамид Ҷовид рўймолчаи сафедеро аз ҷайбаш бароварда сару рўяшро молиш дод ва ниҳоят муҳри хомўшӣ бишикаст.
– Нафрат гуфтӣ, ҳа?
– Ҳа, нафрати Гулбарги Одина ҳадду канор надорад.
– Ба фикрам ҳамаи инро санҷидан лозим мешавад, шояд ба ҷуз ҳамсар замони силоҳбадаст буданаш душманони дигар ҳам пайдо карда бошад ва чун ў аз ҷазо халос хўрд, худи ҳамон нафарон ҷазоро амалӣ намуданд.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
– Ҳамин тарафи масъаларо низ бо муфаттиш якҷоя шуда ҳалу фасл намоед. Ҷомаи бомасдиҳат кўтоҳ намеояд. Мефаҳмед?
– Албатта.
– Банда то кунун саргузаштеро аз ин талхтар нашунидаам.
Мақсаду мароми занро фаҳмида намешудааст, – ба суҳбат нуқта гузошт Ҳамид Ҷовид.
Чун ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дафтари кориашро тарк, ў ҳамоно тамоку даргиронд, то каме ҳам бошад ғубори дили хеш тоза созад. Ниҳоят вай дар зери фаввораи дуд монд, вале ҳеҷ роҳи аз ин варта баромаданро надид. Ҳар қадар сари гуфтаҳои Сорбони Ҳамид андеша кард, мисли оне ки дар ботлоқ дар мемонӣ ҳамон хел дар зери фикру андеша монд. Андешаҳои бесару нўг, андешаҳои ботил…

пешина
аз 558
навбатӣ