Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ана дар ҳамин ҳуҷра лаҳзае пеш вайро хоб бурд ва бо рухсати духтур ман берун баромадам. Фардо ё пасфардо вайро ҷарроҳӣ мекунанд, оҳи бадарде кашида гуфт Ҷамила.
– Духтурон чӣ мегўянд?
– Дилбардорӣ мекунанд, мегўянд ҳамааш нағз мешавад.
Акнун ҳамааш ба натиҷаи ҷарроҳӣ вобаста. Исто, ки ин маблағро ту чӣ хел дастрас намудӣ?
– Бо даву тозҳои зиёде.
– Парво накун дадош, илоҳо писаракамон сиҳат шавад, қарзро мо аз ду сар мегардонем .
– Ҳа, албатта.
– Аз он чӣ ки худат омадӣ ман ниҳоят шодам. Собирҷон дадояшро дида беҳад шод хоҳад шуд.
– Ба назди ў даромадан мумкин– мӣ?
– Албатта.
– Набошад чӣ истодаем?
Онҳо ҳарду оҳиста вориди ҳуҷрае шуданд, ки Собир хобида буд. Писарбача масти хоб буд. Падар оҳиста сари болини ў рафт. Дар нигоҳи ў Собир харобу лоғар тофт, вале дар асл ин хел набуд. Ҷамила гуфт, ки вазни Собир дар ин муддат, қариб як килограмм зиёд шудааст. Ў хам шуда аз рухсораи писарбача бўса кард… Сипас ҳарду берун шуданд. Ҳамшираи шафқат хоҳиш намуд, ки писарбачаро нороҳат насозанд. Чун дар берун зимистон ҳукумрон буд, волидайни бемор ба тарафи даҳлези ошёнаи чорум рафта ба курсие нишастанд…
– Хуб шуд, ки омадӣ.
– Магар ман метавонистам, ки наоям?
– Намедонам, ба ростӣ намедонам. Агар дар Душанбе мешудем ман парвои омаданатро ҳам надоштам, вале ин ҷо…
– Дилатро дур набар ба замми ин пештар мо ҳама як давлат будем.
– Ин пештар буд, ҳоло бошад мо дар мулки бегонаем.
– Ҳоло вақти ин гапҳо не, муҳимаш он ки Собирҷон шифо ёбад, шуд.
– То пул ба суратҳисоби беморхона дохил нашуд, инҳо ба ману Собирҷон чун ба гови ало нигоҳ мекарданд.
– Духтурон?
– Боз кӣ мешуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё