Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Бо ҳама дониши академики Масрури Мӯсо аз сояе беш набуд ва маҳз ҳамин ҳолат ӯро ба чашми ҳамагон сиёҳ мекард.
Дили Абдумаҷидов аслан ба ҳоли Оташак месӯхт, вале чи кунад, ки замин сахт буду осмон баланд ва муовини сардори ШКД бозичаи дасти гурӯҳе, ки ӯро сари қудрат оварда буданд…
Масрури Мӯсо бо хушомадгӯии хеш соҳиби курсӣ шуд, бехабар аз он, ки ӯ сояи хешро гум кард чун савори бесар.
– Ман соя не…
– Маҳз ҳамин суханони муфаттиш чун шамъ дар дили ӯ фурӯзон шуданд.
– Муфаттиш аслан худ шамъ буд. Шамъи оддӣ не. Фурӯғи он шамъро бо чашми сар не, бо чашми дил мебоист дид. Абдумаҷидов ҳамин ҳолатро дар як суҳбати на чандон тӯлонӣ бо муфаттиш, ки номаш ҳам Фурӯғ буд, дарк кард.
Аслан ӯро кор бо чунин фардҳои равшандилу равшанзаммир ҳамеша хуш буд.
«Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ» – нидо омад аз қалби нуқтасанҷу нуқтадонаш. Фурӯғи Шариф ҳам чун моҳи нав дар тахаюлоти ӯ падидор шуд, моҳе, ки бо ҳусни оламгири хеш оҳиста – оҳиста ҷаҳон бигирад. Моҳи шаби чордаҳ…
Вуҷуди ӯ биларзид ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки ӯ моҳро бо дег дар муқоиса гузошт. Чӣ муқоисаи ноҷойе. Фурӯғ куҷою Оташак куҷо. Фарқ аз арш то фарш. Муфаттиш дар касби хеш савори саманди худ муовини сардори ШКД бошад, сояи саворе, ки болои асп аст, сояи онҳое, ки ӯро сари қудрат овардаанд.
Ҳанӯз дар замони империяи Бузург дар замоне, ки ӯ ҳанӯз худро нашинохта буд, ба Сағирдашт кинои сайёр омад. Чун шом фаро расид, ҳама аҳли деҳ ба назди масҷиди хонақоҳ, ки дар он замонҳо клуб ном гирифта буд, рафтанд. Дар девори хонақо суфи сафедеро, ки ду қисмаш бо тунукаи сиёҳ маҳкам карда шуда буд овехтанд. Баробари фарорасии шом шуъое аз аппарати калоне болои суф бархӯрд. Филм номи аҷибе ҳам доштааст «Духтар ва албастӣ». Бо ҳама нофаҳмии хеш он филм ба ӯ маъқул нашуд, чунки ба ҳақиқӣ будани он вай бовар накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё