Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ ҳамоно хабари SMS – ро хабареро, ки ӯро аз гирдоби андешаҳои ботил берун овард аз дафтари хотироти телефон хат зад…

Бадгӯи ту он бошад, к–аз ёр кунад маънат,
Гар ёр наку бошад, машнав сухани бадгӯ.

Ин мисраъҳоро ӯ аз забони Субҳия баъди кашма-кашҳои ёри пешини ӯ Нозим дар тарабхонаи «Вахш» шунида буд ва рафтори имрӯзаи бибии Субҳия аз он доду войи Нозим камӣ надошт, ҳарчанд дар асл пиразан алфози бадеро мисли Нозим ба забон наоварда буд.
Боҳир Қаюм дар ҳоле қарор дошт, ки дар моҳ камбудиро дармеёфт, вале на дар ёр, бехабар аз он, ки сад макр кунад шайтон шогирди занон бошад.
Ӯ бехабар аз он ки имрӯз Субҳия баъди дарс то шом бо дигаре бо оне ки ҳамсину соли худаш бо ҷавони пойлуче чун Нозим ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки Субҳия гумон дошт ёри қадиму азалияш, ки дирӯз баҳраш ангуштаринеро бо нигини алмосдошта тақдим намуда буд, ба Маскав рафтааст.
Зебо аз ошхона дастархон гирифта баргашт ва Боҳир
Қаюм аз гирдоби андешаҳои хеш берун шуд…

… 14 …

Шиносоӣ бо протоколи пурсиши шоҳид Боҳир Қаюм барои Абдумаҷидов аз бозёфти он таппончаи дохили қубур камӣ надошт. Бо ҳама ҷавонию бетаҷрибагии хеш муфаттиши прокуратура дар пурсиши Боҳир Қаюм тамоми маҳорати касбиашро ба қалам дода буд.
– Ман соя не, – гуфтани он духтараке, ки акнун дар муқобили олами ҷиноӣ бархоста буд, дили ӯро ба зиндагӣ ба касби хеш боз ҳам гармтар намуд.
Аслан симои он духтараки резапайкарро, ки акнун аз рӯйи вазифа сарвари гурӯҳи тафтишотӣ ҳисоб мешуд, ба муқобили муовини сардори ШКД Масрури Мӯсо гузошт.

пешина
аз 515
навбатӣ