Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Имрӯз баъди он садамаи автомобили ӯ боз ба дидори он ёри нав шитофт. Баробари аз таксӣ фаромадан ба телефони мобилии Субҳия занг зад, вале холай ҷавобак ба таври автоматӣ ба ӯ посух дод, ки телефони муштарӣ хомӯш карда шудааст ва ё берун аз шабакаи фаъолият қарор дорад…
– Хомӯш карда шудааст ё берун аз фаъолияти шабакаи хизматӣ қарор дорад? – зери лаб ба худ суол дод вай. Рақами телефони хонаашонро гирифт. Ба ҷой Субҳия бибиаш гӯшакро бардошт ва хабар дод, ки наберааш сари субҳ ба донишгоҳ рафтааст. Аз ҳамин хотир ӯ ба донишгоҳ ҳам рафт ва ҳатто муайян намуд, ки муаллим аз дарс Субҳияро пеш намуда будааст.
Ӯ боз чандин маротиба тариқи телефони дастӣ бо ёри наваш нияти дар тамос баромадан кард, вале бе натиҷа. Пас Субҳия ба куҷо рафтааст?
Дишаб ӯ бо Субҳия хайрухуш намуда, ба Мухтор фаҳмонд, ки арӯсшавандаашро то ба манзилаш гусел намояд. Вай ҳатто билети самолётро ба ёраш нишон дод, то дилаш дур наравад.
Сипас, ҳангоми ҳаракат ба самти фурудгоҳ худи Субҳия бо ӯ тариқи телефони мобилӣ дар тамос шуд ва вайро аз рафти ҳодисаҳои ба сари Мухтор омада шинос кард…
Маҳз ӯ дар бораи ҳаракатҳои минбаъда ба маҳбубааш дастур дод.
– Исто! Охир Субҳия боварӣ дорад, ки банда ин субҳ бояд дар Маскав мешудам…
– Рафту…
– Бовар намекунам, наход…
– Аспу зану шамшери вафодорро кӣ дид?
– Шуд, шуд бо дастонаш гӯшҳояшро дошт ӯ то суханони қалби хеш нашнавад…
– Пас чаро ӯ наомад? – ғайри ихтиёр суол дод ба хеш.
Дар ҳамин асно ӯ ларзиши телефони мобилиашро, ки дар тасмааш ҳамоил буд ҳис намуда, онро ба даст гирифт.
Хабари SMS – ро дида, онро кушода хонд:
– Баъди аз донишгоҳ ронда шуданам ба хона омадам ва ба балои бибиам гирифтор шудам. Ба қавле дар ҳабси хонагӣ будам. Субҳияи ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё