Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар он солҳо силоҳбадастон пуф – пуфи одами хокӣ мегуфтанд. Ҳар кадоме соҳиби ду – се ва ҳатто чор зан шуданд.
– Пас чаро Мухтор зан надошт?
– Намедонам, вале боварӣ дорам, ки касе барои корнамоиҳои гузаштааш бо ӯ ҳисобашро баробар намудааст. Он духтараки алови пӯш мегуфтагии худат бошад балоро ҳам намедонистааст.
– Мумкин.
– Мумкин не, асли воқеа ҳамин хел аст дадои Шаҳло, – гӯён зан шавҳарашро ба ҳоли хеш гузошта, ба ошхона рафт…
– Ҳофиз манаму бародарам мехонад барин шуд– ку. Бубин очаи Шаҳлоро, ки дар хона истода, нисбат ба марги Мухтор чӣ хулоса баровардааст. Оҳ, агар аз ҳақиқати ҳол огоҳ мешудӣ ба фикрам дар ҷоят торс мекафидӣ. Ҳар он чи ки муфаттиш гуфт дар асоси таҳлили ҳодисаҳо гуфт ва банда баъди садамаи нақлиётии имрӯза ба гуфтаҳои ҳамон духтараки резапайкар сад дар сад боварӣ ҳосил намудам. Шояд он ҳодиса тасодуфан буд ва кош чунин мебуд…
Боҳир Қаюмро тайи ду моҳи охир танҳо ҳавои сари зулфи нигори нуздаҳсолааш пеши назар буд. Баъди бозгашт аз дорулахлоқ аз чӣ бошад, ки ӯ муҳаббати аввалинаи ҳамсарро, ки тарбияи ду фарзанди ӯро танҳо ба дӯш дошт ҳис накард, вале ба хотири ободии хонадон ба ҳамааш тоқат намуд. Ду моҳ пеш бошад бегоҳие аз назди донишгоҳи миллӣ духтаракеро то маҳаллаи Каҳкашон овард ва аз чӣ бошад, ки духтар пайкони муҳаббатро дар қалби ӯ ҷо намуд. Шояд ба ҳамин хотир буд, ки ӯ боз давраи ҷавониашро ба ёд овард ва ба варзиш машғул шуд. Ҳар субҳ масофаи на камтар аз шаш километрро тай мекард, аниқтараш медавид.
Дар ҳамин муддат ӯ тавонист, ки вазнашро аз ҳаштоду чор килограмм ба ҳафтоду ду килограмм расонад, дар ҳоле, ки қади вай яксаду ҳафтоду ҳашт сантиметр аст.
Мисли оне, ки ҷоруби нав тоза мерӯбад муҳаббати ёри нав қалби ӯро ба зиндагӣ гармтар намуда, таназулеро дар муҳаббати ёри пешин, ки модари фарзандони ӯст рӯйи саҳна овард.

пешина
аз 515
навбатӣ