Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа. Охир ман худам бо тавсияи ту, ҷони ширин, ба он ҷо рафтам ва ҳамаш чун он мақоли халқӣ шуд.
– Чӣ хел мақол?
– Рафтан бо иродату омадан бо иҷозат.
– Тарзе гап мезанед, ки гӯё ба меҳмонӣ рафта будед. Дар бораи онҳое, ки қасди ҷони Мухтор намуда буданд, ягон маълумоте ба даст овардаанд?
– Намедонам. Онҳо сирри хешро ба касе намекушоянд.
Муфаттиш як духтараки…
– Чӣ хел духтарак?
– Чун Шаҳлои худамон, ба фикрам нав донишгоҳро хатм намудааст.
– Бетаҷриба гӯед.
– Ман ин хел гуфта наметавонам.
– Чаро?
– Мефаҳмӣ, ман дар роҳ нисбат ба ҳамон духтараки бетаҷриба чӣ гумон кардам?
– Аз куҷо донам.
– Бо ҳама ҷавонию бетаҷрибагии хеш ман ӯро ба оташ шабеҳ додам, ба ростӣ, он духтараке, ки имрӯз бо банда суҳбат намуд, чун алови пӯш дар назарам тофт.
– Боз мегӯйӣ вай ҷавон аст.
– Ҷавон– ку ҷавон, вале бе таҷриба не, духтар не, оташ, алови пӯш.
– Ҳамон алови пӯши мегуфтагиат бар он ақида аст, ки касе қасд ба ҷони худат дорад?
– Ҳа.
– Пас кӣ будааст он кас, нагуфт?
– Он кас ҳам намедонад.
– Модоме, ки намедонад, чи лозим мардумро ошуфтахотир намудан.
– Он кас ба чунин хулоса омадааст.
– Хулосаи беасос…
– Шояд ҳақ ба ҷониби худат бошад, вале ҳеҷ андеша накардӣ, ки чаро Мухторро парронданд?
– Ёд дорӣ ман ба худат гуфта будам, ки аз силоҳбадастони собиқ канораҷӯӣ карданд беҳтар аст. Худат бошӣ гуфтӣ ки Мухтор аз авлоди ман аст ва ман наметавонам дар чунин ҳолати барояш мушкил аз ӯ ба хотири замоне силоҳбадаст буданаш рӯй гардонам.

пешина
аз 515
навбатӣ