Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бубахшед, Субҳияро ҷеғ мезадед, баъди салом хоҳиш кард зангзананда.
– Шумо кистед? – пурсид пиразан.
– Як шиносаш.
– Ному насаб надоред?
– Субҳия худаш медонад.
– Сари субҳ Субҳия ба донишгоҳ рафтанд, агар медониста бошед ба худаш занг занед…
Алоқа канда шуд ва на бо хоҳиши вай. Маълум, ки зангзананда худаш дигар майли суҳбат накард. Ҳатто номашро ҳам нагуфт. Субҳия гуфт, ки он дӯсташ дишаб ба Маскав рафт, пас боз инаш кӣ буд?
Зӯҳро Шафиевна вориди ҳуҷраи хобаш гардид ва аз болои ҷевон Қуръони маҷидро, ки бо ҳуруфоти араббию сирилик нашр гардида буд, ба даст бигирифт ва лаҳзае пас ба қироати он қисме, ки хатҳояш барояш шинос буданд, пардохт.
Афсӯс бар он хӯрд, ки дар ҷавонӣ тавба накард, вале аз даргоҳи Яздони пок баҳри хеш омӯрзиш хост. Худованд бо ҳама бузургиаш лакбахш аст ва банда ҳамеша ба омӯрзиши яздони пок умед баста метавонад мегӯяд .
Тиловати каломи раббонӣ ӯро аз ҳама фикру андешаҳои ботил раҳо сохт ва саҳфаҳои он китоби муқаддас варқгардон мешуданду варақгардон. Пиразан аз даргоҳи Илоҳӣ баҳри хеш омӯрзиш ва баҳри набера умри дароз хоста омин гуфту аз ҷой бархест…
… 13 …

Боҳир Қаюм қарибиҳои шом ба хона омад. Дарро ба рӯяш ҳамсараш кушод ва аз авзои парешонаш пай бурд, ки таъби шавҳар хира аст.
– Хуш, дар прокуратура чӣ гуфтанд?
– Онҳо бар он ақидаанд, ки касе қасд бар ҷони ман дорад.
– Худоё, худаш чӣ гап? Чаро қасд ба ҷони ту? Ба кадом хотир?
– Намедонам.
– Барои ҳамин тамоми рӯз дар прокуратура истодӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ