Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷилои нигини ангуштарини дасти набера пиразанро ором намегузошт. Субҳия гуфт, ки ин туҳфа аст. Магар ба ӯ бовар кардан мумкин? Ҳатто дар замони котиби аввали ҳизб буданаш ҳам Зӯҳро Шафиевна боре, ҳам чунин намуди ангуштарини зеборо ба ангушташ нагирифта буд. Ҳоло ҳам ҷилои нигини ангуштарини дасти набера аз пеши назараш дур намешуд.
Субҳия онро чун туҳфаи он дӯсти чилучорсолааш маънидод кард. Шояд дар ҳақиқат ҳам чунин бошад. Ҳавои зару зевар сари даҳҳо чунин духтарони аз пайи даромади муфт рафтаро ба бало мондааст.
Ба фикрам арзиши он ангуштарин ҳам бад нест. Агар дар ҳақиқат он ангуштарин туҳфаи он марди оиладор бошад, Субҳия пайкони муҳаббатро дар қалби ӯ дуруст ҷо ба ҷо намудааст.
– Агар туҳфа набошад чӣ?
– Дар он сурат байни ангуштарин ва он ду ҷони рафта пайвастагиеро ҷустан лозим меояд.
– Худоё наход ҳамин хел бошад, – аз дил гузаронд пиразан ва хост тариқи телефони мобилии набера бо ӯ дар тамос шавад.
Ба ҳамин хотир аз телефони дар даҳлези хона буда ба набера занг зад, вале «телефони муштарӣ хомӯш карда шудааст ва ё берун аз шабакаи фаъолият қарор дорад» – ро шунида, гӯшакро ба ҷояш гузошт…
– Шояд Субҳия дар дарс аст, – аз дил гузаронид бибӣ.
– Шояд, – нидо омад аз қалбаш ва дилаш каме ҳам бошад ором шуд.
– Чун Субҳия биёяд ҳамаашро дониста мегирам…
– Хобатро ба об гӯй…
– Чаро?
– Чунки Субҳия асли воқеаро ҳаргиз ба худат нахоҳад гуфт.
Чӣ аҷибест сиришти одамӣ, ҳар қадар сари андешаи ботиле бозистӣ ҳамон қадар хеш ба гирдоби бало монӣ.
Зӯҳро Шафиевна танҳо пайвастагиеро байни ангуштарин ва марги он ду тан ҷӯё шуд, вале ҳамааш аз бад бадтар гардид.
Дар ҳамин асно телефон занг заду ӯ дубора ба даҳлез баромада гӯшакро бардошт.

пешина
аз 515
навбатӣ