Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Модар чӣ гуна, духтар намуна» – шунид кампир овози қалби хеш ва дили бе ин ҳам малолу маҳзунаш боз ҳам маҳзунтар гашт.
Магар ӯ аз духтар чи некие дид, ки акнун аз набера интизор шавад. Кал додари кур. Он чи ки дар вақташ Сулҳия андешаи обрӯйи модар накард, хосу ом гувоҳанд. Зӯҳро Шафиевна дар он шабу рӯз дар вазъи ниҳоят ноҳинҷоре қарор дошт ва танҳо мақоми баландаш дар ҳизб он донишҷӯи пойлучро маҷбур сохт, ки муваққатан ҳам бошад обрӯйи ӯ ва духтарашро бихарад. Асрор Шокиров домодро чунин ном буд, на Сулҳияро чашми дидан дошту на модарашро ва шояд аз бадбинии ҳамин ду тан бошад, ки дар нуздаҳсоли охир боре ҳам ёди ҷигарбандаш накардааст…
Сулҳия бо рафтори ноҷойи хеш ҳам худ ва ҳам модарро бебанд бубаст.
– Чанд моҳе, ки Асрор бо ӯ расман зиндагӣ мекард, мақоли халқӣ «хоҷа боғ дорӣ? – боғ дорам» – ро ба ёд меовард.
Субҳия чун эркатулфори хонадон ба воя расид. Ҳамаи ин ба он хотир буд, ки ӯ бе падарии хешро дарк накунад. Баъди фавти модараш ҳам бибиаш то ҷон дар рамақ дошт ӯро аз хор шудан эмин дошт ва ана натиҷааш. Ду тан дар рӯ ба рӯи бинои онҳо бо зиндагӣ падруд гуфтанд, ду ҷавоне, ки шояд аз сад гулашон як гулашон нашукуфта буд…
Баъди ҳодисаҳои ба сари он ду тан омада, пиразан аз наберааш хоҳиш кард, ки ба милиса занг занад, вале Субҳия на танҳо занг заданро ба зимма нагирифт, балки монеаи занг задании бибӣ ҳам шуд…
«Ба хотири ман бибиҷон, ба хотири ман», – гуфтаҳои дишабаи ӯ то кунун дар гӯшҳои Зӯҳро Шафиевна акси садо медиҳанд.
– Дар ин ҷо кӣ гунаҳкор?
– Ба суоли хеш Зӯҳро Шафиевна ҷавоб наёфт, чунки дар вақташ ба панди бузургон: – фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар аз паси панҷа нигарист…
– Худкардаро даво нест, вовалвои пинҳонӣ…
–Зӯҳро Шафиевна бо қалби хеш дар набард буд, вале ба зуди фаҳмид, ки дар майдони набард шикасти ӯ ногузир аст, ногузир.

пешина
аз 515
навбатӣ