Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Бубин, дар чунин ҳавои сард ӯ худ дуюмбора ба ҷойи ҳодиса рафтааст то нишоне аз ҷиноят пайдо намояд. Ман ҳам аз худ гузаронидам. Рафту Боҳир Қаюм намеомад чӣ? Ӯ худаш омаду банда ҳамаро ба номи хеш номнавис карданӣ шудам. Абдумаҷидов ҳатто гуфтугӯи моро тариқи диктафон гӯш кардан нахост. Протоколи пурсиши Боҳир Қаюмро талаб кард. Хайрият протоколро тартиб дода будам, вагарна айб мешуд. Охир ман на аз номи худ, балки аз номи прокуратура баромад мекунам ва рафту ба хатое ҳам роҳ диҳам аз худам дида зиёнаш ба идора, ба идорае, ки давлат ба ӯ назоратро аз болои қонун бовар намудааст, бештар мерасад. Не, ман ҳуқуқи хато кардан надорам. Аз он чи ки банда ба бегуноҳии Боҳир Қаюм кафолат надодам, вале Акбар Ҳакимовичро бовар кунондам, ки ӯ бо амри тақдир тасодуфан зинда мондааст, ин ҷиҳати мусбии андешарониҳои ман аст.
Албатта, маро то ба пояи Абдумаҷидов расидан фарсахҳо роҳ аст, лекин ман аз ин ҳаросе надорам, зеро худи эшон бандаро ба ҳамкории якҷоя ҳидоят намуданд. Ин суханонро шахсе гуфт, ки баъди чил сол хоини Ватан Тешаи Сангро6 ба курсии ҷиноятӣ кашид. Модоме, ки чунин аст ман ба ӯ бовар мекунам.
Акбар Ҳакимович рост гуфтанд, ки дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ҳама бояд аз як гиребон сар барорем. Ман бо ҳама бетаҷрибагии хеш ба ишораи эшон - қувваи мушт дар мутаҳидии ангуштон аст бовар мекунам. Бозёфт ва пурсишҳои имрӯзаро дар тарозуи ақл баркашида мегӯям, ки он яхпораи бузурги дишаба алакай ба ҷунбиш омад, боқӣ ҳама ба вақту соат ва дониши худи мо вобастагӣ дорад…
... 12 …
Зӯҳро Шафиевна баъди рафтани набера ба хулосае омад, ки кӯзапуштро ба ҷуз хоки лаҳад касе рост набитвонад кард. Бо ҳама ҷонкоҳониҳои бибӣ ӯ то ба куҷоҳо пой мондааст. Ҳатто заррае шарму ҳаё дар ниҳоди ин гесубурида намондааст, – оҳ кашида зери лаб ғунгос зад бибӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё