Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бисёр хуб, акнун ба хулосаи аниқ биёед.
– Майлаш, ман дар ин бора ба номи сарвари милиса пешниҳод ирсол мекунам.
– Хело хуб. Ман бисёр мехостам, ки шумо бо Субҳия суҳбат менамудед.
– Ман як хатто кардам.
– Шуниданаш мумкин?
– Ман бояд пешгирӣ менамудам, ки Боҳир Қаюм бо Субҳия баъди суҳбати банда вонахӯрад.
– Гуфтед, ки вай гуноҳе надорад, пас чи лозим ин ҳама эҳтиёткориҳо.
– Рафту…
– Худро маззамат накунед. Дар ҷойе, ки кор ҳаст камбудӣ ҳам мешавад.
– Ташаккур!
– Майлаш ба ман рухсат диҳед то аз пайи кор шавам.
– Ин хел нагӯед, ако.
– То мо аз як гиребон сар набарорем, дар кор пешравиеро интизор шудан нашояд.
– Ман ҳам дар чунин ақидаам. Аслан ман ба ёрии шумо ниёз дорам, рафту агар мушкилие дар кор пеш ояд ба шумо занг мезанам.
– Аз мушкилиҳо ҳаросидан лозим нест. Қувваи мушт дар мутаҳиди ангуштон аст, дар мутаҳидии ангуштон… Ҳа, дар воқеъ масъалаи ба ташхисгоҳ фиристодани ин тапончаро (Абдумаҷидов ба тарафи қоғазпечи ҳанӯз болои мизи кории муфаттиш хобида ишора намуд) аз ёд набароред.
– Имрӯз алакай дер шуд. Сари субҳ худам шахсан онро ба ЭКО (шӯъбаи ташхиси криминалӣ) мебарам.
– Хуш монед, – гӯён Абдумаҷидов аз дар баромад…
Муфаттиш баъди рафтани ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ муддате сари андешаҳои хеш монд. Аз он чи ки Абдумаҷидов бо ӯ ҳамақида аст, шод ҳам нашуд. Ӯ дар бораи Абдумаҷидов ва корҳои вай бисёр шунида буд. Ҳамаи ҳамкорон нисбат ба Акбар Ҳакимович як эҳтироми беандоза доштанд.
Сари субҳ ҳам прокурор ба ӯ гӯшрас намуд ба он коре, ки Абдумаҷидов даст зад, танҳо некиро интизор шав. Модоме, ки худи сарназоратчии қонун ба ваколатдори одии милиса чунин боварӣ дорад, пас бо ӯ дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ҳамқадам будан осон нест.

пешина
аз 515
навбатӣ