Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ихтиёратон. Ана ин нишондоди вай, – гӯён Фурӯғи Шариф протоколи пурсиши Боҳир Қаюмро ба дасти Абдумаҷидов дода, худаш қариб навад дараҷа ба тарафи рост тоб хӯрд ва компютерро ба кор даровард…
То шиносоӣ бо протоколи пурсиши Боҳир Қаюм муфаттиш қарорро дар бораи ба ташхисгоҳ фиристодани яроқи аз дохили қубур ёфтшуда навишта тамом кард. Акнун ташхисгар
– баластикро лозим буд, ки ба суолҳои муфаттиш ҷавоби илмӣ диҳад.
– Хайр чӣ хел? – пурсид муфаттиш ба тарафи мусоҳибаш гашта.
– Бад не.
– Магар чунин навъи баҳс ҳам ҳаст?
– Ҳаст. Дар ҳоле ки ба чизи нектаре умед баста наметавонӣ бо чунинаш ҳам қаноат бояд кард.
– Акнун чӣ бояд кард?
– Пеш аз ҳама бехатарии Боҳир Қаюмро таъмин бояд намуд.
–Ин тарафи масъаларо милиса ба дӯш мегирад.
– Боҳир Қаюм сараввал ба назди шумо омадааст ва бояд шумо сари ҳамин масаъала андеша мекардед.
– Вай гуфт, ки гуноҳе надорад.
– Вай гуфт мо гуфтем дупула гап. Дар кор пеш аз ҳама ба факту рақамҳо нигаристан лозим. Чун Мухтор Ҳайдар бори аввал дар он маҳалла пайдо шудааст гумон мекунам, ки қотил ӯро интизор набудааст. Модоме, ки қотил сайдашро интизор будааст, пас ӯ боварии комил доштааст, ки вай меояд. Албатта ҳамоне, ки даҳ - дувоздаҳ маротиба он духтаракро то ба назди манзилаш овардааст. Рост гуфтед, ки бо амри тасодуф Боҳир Қаюм зинда мондааст ва мо ҳуқуқ надорем, ки ҷони вайро дар хатар монем.
– Ба фикри шумо дар ҳақиқат хатар ба вай таҳдид мекунад?
– Агар дар нишондодаш ба эҳсосот роҳ надода бошад.
– Шояд дар ин бора бо шеф (прокурор дар назар аст) суҳбат намоем.
– Муфаттиш дар рафти кор соҳибихтиёр аст.
– Ман соя нестам.

пешина
аз 515
навбатӣ