Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Даҳ – дувоздаҳ маротиба он касро гусел намудаеву насабашро напурсидед?
– Аслан аз зан пурсидани сину сол ва насабаш хуб нест.
– Нуздаҳсола буданашро медонед, вале насабашро напурсидед?
– Ҳарчи гумон намоед ихтиёратон. Ман аз куҷо мефаҳмидам, ки рӯзе мешаваду насаби вайро аз ман мепурсанд…
– Ин муколамаро бо кӣ анҷом додаед?
– Ба фикри шумо бо кӣ?
– Ба фикри ман бо соҳиби «Мерседес 600». Дар ин замона ба касе боварӣ карда намешавад.
– Чаро?
– Шаби гузашта сардори бахши мо Наврӯз Умар ба хонаи Боҳир Қаюм занг зада вайро пурсидааст. Наврӯз Умар ба суоли хеш посух гирифтааст, ки Боҳир Қаюм ба Маскав рафтааст.
– Ин ҷо ягон иштибоҳе нашудааст, фақат Боҳир Қаюм дар лаҳзаи охир аз раҳи сафараш баргаштааст.
– То ки ӯро дар марги муҳофиз ё худ ронандааш гунаҳкор насозанд, ҳамин тавр?
– Ба фикрам ҳамин хел.
– Шояд ӯ барои хеш алиби тайёр намудааст?
– Ба гумон аст.
– Чаро чунин худбоварӣ?
– Новобаста ба доғҳои сиёҳи ҳолномаи вай ман ба он кас бовар мекунам.
– Кафолат медиҳед, ки гуноҳе надорад ҳамин хел?
– Кафолат медиҳам, ки танҳо бо амри тақдир ӯ шаби гузашта зинда мондааст.
– Шумо ба суханони вай бовар намудед?
– Албатта, метавонед рафти суҳбати бандаро бо Боҳир Қаюм аз аввал гӯш намоед.
– Беҳтар мешуд, ки ман ба протоколи пурсиши вай шинос мешудам, аминам, ки шумо ӯро ақалан ба ҳайси шоҳид пурсидаед.
– Шумо мехостед, ки ман вайро ба ҳайси гумонбаршуда мепурсидам?
– Аз хулосабарори пешакӣ худдорӣ мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё