Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳеҷ чиз гуфтанӣ нестам, вале он хушхабарро ҳам ба осонӣ аз даст додан намехоҳам.
– Чаро?
– Ба ивазаш баъзе маълумотҳо гирифтаниам.
– Чӣ хел маълумот?
– Пеш аз ҳама донистан мехостам, ки ҳамин яроқи аз дохили қубури зангзананда ёфтаатон ба ҳодисаҳои дишаба пайвастагие дорад?
– Намедонам.
– Гуфтед, ки чунин навъи яроқро бори аввал дидед?
– Бале, бори аввал.
– Пас чи тавр чунин яроқи камёфт дар ҷойи ҳодиса пайдо шудааст?
– Гуфтам- ку намедонам.
– Ба фикри шумо он автомашинаи «Мерседес» дар он маҳал тасодуфан пайдо шудааст?
– Аз рӯйи ҳуҷҷатҳо автомашина ба Боҳир Қаюм ном шахс тааллуқ дорад. То ҷое, ки банда итиллоъ дорам Боҳир Қаюм муддати даҳ сол дар дорулахлоқ будааст.
– Барои кадом гуноҳаш?
– Барои бо як гурӯҳ ҷинояткорон забон як намудану даст ба ҷайби давлат заданаш.
– Пас бо чунин тавсифномаи пурдоғ чӣ тавр ӯ соҳиби чунин автомашинаи дакаданг шудааст?
– Намедонам.
– Аз он чи ки қотил сайдашро интизор будааст ҷойи баҳс ҳам нест, вале ман донистан мехостам, қотил дар ҳақиқат тирро ба синаи шахсе ҷо намудааст, ки интизораш буд?
– Ба фикри шумо чӣ? – дар навбати хеш суол дод майори милиса.
– Ба фикри банда Мухтор Ҳайдар тасодуфан ҳадафи тир қарор гирифтааст.
– Далел?
Фурӯғи Шариф аз ғалладони мизи кориаш диктафони хурдакакеро берун оварда, тугмачаи онро зер намуд. Чунин гуфтугӯ шунида шуд:
– Субҳия, насабашро намедонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё