Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Беҳтар мешуд, ки ба берун рафта, дар ҳавои тоза нафас мегирифтед, асабатон ором мешуд.
– Шумо гумон доред, ки …
– Бале, шуморо ин субҳ ким чихел фикру андешаҳои бемаврид домонгиранд.
– Ҳеҷ гуна фикру андешаҳо дар сари ман нест муаллим.
– Худфиребӣ накунед, ба берун равед. Дар ҳавои тоза нафас гиред, ҳамааш нағз мешавад. Ҳеҷ кас аз фикру андеша гурехта наметавонад, равед каме ҳам бошад ҳавои тоза гиред…
Субҳия дигар баҳс накарда, аз дар берун шуд. Сипас, аз ошёнаи сеюм ба поён фаромад.
Таксӣ дар ҳамон ҷойе, ки ӯро фароварда буд, дар интизори ӯ ва ё шояд мусофири дигаре буд. Ба ҳар ҳол духтар ғайри ихтиёри хеш ба ҳамон самт равон шуд ва ронандаро сари чанбарак дар хоб дид.
– Ана, ман омадам, – гӯён ӯ ин даъфа паҳлӯи ронанда нишаст.
– Шумоед? – ӯро паҳлӯи хеш дида, пурсид ронанда.
– Ҳа, ман.
– Бовар намекунам…
– Ман рӯҳ нестам метавонӣ ба ман бовар намоӣ.
Ҷавон даст болои рони ӯ гузошт.
– Хайр чӣ, бовар кардӣ?
– Акнун бовар намудам, ки худи малика дар паҳлӯям аст.
Хуш, чӣ мефармоянд?
– Рафтем…
– Ба куҷо?
– Ба куҷойе, ки дилат хоҳад.
– Хуб шудааст, – гӯён ронанда автомашинаро боз ба маҷрои нақлиёт даровард…

… 11 …

– Хуш, он хушхабар чӣ будааст? – баробари вориди дафтари кории муфаттиш шудан пурсид Абдумаҷидов.
– Сабр ва боз ҳам сабр Акбар Ҳакимович.
– Гуфтаниед, ки аз сабр кардан ғура ҳалво мепазад?

пешина
аз 515
навбатӣ