Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Таваккал нар бувад, андеша мода. Ин сухани дӯстдоштаи Боҳир буд, пас чаро ӯ ба хотири суханони бибиаш, ки пой бар лаби гур мондааст, андеша мекардааст. Чаро кампир худаш дар вақташ андешаи фардояшро накард. Ҷон коҳониду ҷон коҳонид ва ана оқибаташ. Худаш бо як сари танҳо байни чор девори бетонӣ… Не пари парвонае дар хона, не садои булбуле… Чаро худаш дар вақташ андеша накард… Кор гуфту кор…
– Раву андеша намо…
– Андешаи чӣ?
– Шокирова!
– Ҳа, ман муаллим,– аз ҷой бархеста гуфт Субҳия.
– Чаро хобед?
– Не, муаллим хоб нестам.
– Пас ман чӣ гуфтам?
– Шумо?
– Бале..
– Донишҷӯ ба донишгоҳ ба талаби дониш меояд, шумо бошед чашматон дар рӯйи муаллим, вале ҳушатон ким ба куҷо.
Андеша намоед!
– Хуб шудаст муаллим, – гӯён Субҳия гунаҳкорона ба курсӣ нишаст. Ҳамааш аз рӯи ҳамон пири фартут шуд, раву андеша намо, андеша ва ана натиҷааш. Андешаҳоят аз сарат монад…
– Андеша намоед.
– Андеша чӣ?
– О, ин суханони муаллим-ку, – нидо омад аз қалбаш.
– Ҳа, рост донишҷӯ ба донишгоҳ ба талаби дониш меояд, ба талаби дониш…
– Шояд худатро дар ҳамин ҷо интизор шавам.
– Маро?
– Шокирова.
– Ҳа, ман муаллим.
– Хоҳиш мекунам аз синф бароед!
– Ман чӣ гуноҳ кардам муаллим?
– Шумо гуноҳе надоред, ман гунаҳкор ки ба шумо вазъ мегӯям.
– Бубахшед…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё