Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ ҷойи андеша, аз ду сар Боҳир ба ман издивоҷ мекунад.
– Пас мактабат чӣ мешавад?
– Ҳамааш ба Боҳир вобаста, хоҳад хонданро давом медиҳам, нахоҳад худи ҳамин рӯз донишгоҳро тарк мекунам.
– Ба фикрам то баногӯшаш ғарқи муҳаббат гаштааст,– аз дил гузаронид пиразан ва бо овози шунаво гуфт: – Рав, раву андеша намо…
Субҳия аз хона баромад. Дар берун дар он ҷойе, ки ҳамагӣ чанд соат пештар муҳофизи дӯсташ ҷони хеш нисор намуда буд, хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Аз маҳаллаи ашрофзодагон автомашинаҳои гуногунтамға ба сӯйи роҳи калон ҳаракат доштанд.
Чанд тан ҷавонони ба қавли худаш сарлучу пойлуч чун Нозим аз маҳаллаи Зайнабибӣ тариқи сурохии девори бетонӣ, ки иморати аз замони Империяи Бузург мондаро аз роҳ ҷудо мекард, роҳро миёнбур намуда, ба тарафи истгоҳи наздиктарин ҳаракат доштанд. Зиндагӣ ба маҷрои хеш ҷорӣ буд, ҳама аз пайи кору бори хеш овора. Касеро парвои он ду тане, ки шаби гузашта ҷони хеш аз даст дода буданд набуд…
Субҳия рӯйи роҳ баромада таксиеро боздошт. Рӯзҳои дигар ӯ аслан бо нақлиёти шаҳрӣ ба дарс мерафт, вале ин субҳ ӯ бо таксӣ рафтанро алвотар донист. Чӣ тавр метавонад духтаре, ки танҳо як ангуштаринаш маблағи ду таксиро бармезанад бо нақлиёти шаҳрӣ ба дарс равад. Ашрофзода ашрофзода аст.
– Шояд худатро ҳамин ҷо интизор шавам, – аз гирифтани ҳаққи хизматаш даст кашида гуфт ҷавон дар ҳоле, ки мусофир дар рӯ ба рӯйи донишгоҳ аз таксӣ нияти фаромадан дошт.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, шояд ягон рӯз боз вомехӯрем, – гӯён Субҳия он панҷ сомонро, ки ронанда ба хотири изҳори муҳаббат аз гирифтанаш даст кашид ба сумкачааш андохта, бо қадамҳои устувор ба тарафи донишгоҳ ҳаракат кард.
Пул барои ашрофзодагон ҳам азиз аст, вале қиммати онро бенавоёни пойлуч чун ҳамин ронанда намедонанд, – аз дил гузаронид Субҳия вориди бинои донишгоҳ шуда истода.
– Раву андеша намо, андеша, мефаҳмӣ…
– Андешаи чӣ ва чаро андеша?

пешина
аз 515
навбатӣ