Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Мусофир ин даъфа гоҳ ба пешу гоҳ ба пас ва гоҳ ба атроф менигарист вале аз он автомашинаи Москвич 412 рангаш сафед нишоне ҳам надид. Шояд ҳамааш тасодуфан рух дода буд, кӣ медонад…
… 10 …
Бо ҳама он бехобиҳои шабона Субҳия ин субҳ барвақттар аз хоб хест. Ба ҳаммом даромада дасту рӯй шуст ва сипас ба ошхона рафта барои худ ва бибиаш, ки кайҳо хеста буду болои ҷойнамоз дар зикри Худованд буд, субҳона тайёр намуд.
Пас аз тановул бибиашро огоҳ намуд, ки ба мактаб рафтанаш лозим.
Бибӣ лом нагуфт. Дар ҳоле, ки кампир ҳанӯз сари андешаҳои хеш буд, Субҳия ба хонаи хобаш даромад ва қариб ним соат пеши оина нишаста, худро орову торо дод. Афсӯс бар он хӯрд, ки тайи чанд рӯз Боҳирро намебинад. Ниҳоят ӯ ҳамон тӯҳфаи дишабаи ӯро ба ангушташ андохта, ба назди бибӣ даромад то бо фотеҳаи ӯ аз хона бурун равад.
Ҷилои нигини ангушттарин таваҷҷӯҳи пиразанро бедор намуд, ки пурсид:
– Ин чӣ?
– Ҳа ин, – ба ангуштарини дасташ ишора намуда гуфт:
– Ангуштарин.
– Медонам, ки ангуштарин, вале гӯй, ки онро аз куҷо ёфтӣ?
– Ин тӯҳфа аст.
– Аз кӣ?
– Аз ҳамон кас?
– Ӯро ному насаб нест?
– Шаб гуфтам–ку, аз Боҳир.
– Аз ҳамон марди чилучорсола?
– Бале!
– Аз бадбахтии дигарон бахт меҷӯӣ?
– Ман вайро не, вай маро интихоб намудааст.
– Ту медонӣ, ки ангуштаринро чи нархест?
– Не.
– Раву андеша намо, андеша, мефаҳмӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё