Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Як «Москвичи 412», рангаш сафед.
– Пас вай дар куҷост? – ба атроф нигариста пурсид мусофир.
– Думро хода кард.
– Рақамашро дар ёд надоред?
– Не, дар он лаҳза ҳушу ёди ман ба роҳ буд.
– Гуфтед, ки ӯ қасдан ба автомашинаи шумо бархӯрд?
– Ҳа, қасдан.
– Шояд касе қасди ҷони шуморо дорад?
– Ба гумон аст. Дар ин дунёи дирӯза мо ҳама меҳмонем ва кирост парвои чунин як ронандае мисли ман. Истед, ки чаро шумо чунин гумон доред.
– Рафту он ронанда маст бошад– чӣ? – ба ронандаи таксӣ имконияти сухан гуфтан надода пурсид Боҳир Қаюм.
– Намедонам, шояд чунин ҳам бошад.
«Ҳар гоҳ, ки фалокате ба сарат омад, бидон, ки бало на аз кори ту, балки аз чи тарзи андеша кардани ту рух додааст» ба ёд овард ӯ суханони нависандаи бузурги рус Лев Толстойро.
Бубин, андешаҳои бад онҳоро то ба фалокат наздик намуд.
Хайрият ронанда дар касби хеш соҳибмаҳорат будаасту автомашинаро дар миёни ин ҳазорон намуди нақлиёт, ки бо суръати калоне дар ҳаракатанд дар самти ҳаракати худаш нигоҳ дошта тавонист. Ҳодисаи мазкур қасдона буд ё тасодуфан касе намедонад. Ронанда гуфт, ки «Москвич 412» будааст.
– Шояд милисаро ҷеғ занем,– пурсид ронанда.
– Ихтиёр шуморост.
– Ин хел бошад, ман аз гуноҳи он ронанда гузаштам.
– Ман ҳам.
– Набошад роҳро давом диҳем.
– Хуб мешуд, ки мо самти ҳаракатамонро тағйир медодем.
– Ман зид не, гап занед ин даъфа ба куҷо барам?
– Ба маҳаллаи Каҳкашон.
– Фаҳмидам, – гӯён ронанда аз нав муҳарикро ба кор андохт ва баъди дусад – дусаду панҷоҳ метр автомшинаро ба тарафи чап тоб дод ва боз баъди ҳамин қадар масофа ба ҳамон тараф. Умуман бо хоҳиши мусофир автомашинаи «Волга», ки тағмаи таксӣ дошт, самти ҳаракаташро саду ҳаштод дараҷа тоб дода, дар кӯчаи дигар ба самти ҳаракати аввалааш чун бод пеш мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё