Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чунки ҳаргиз вазир худаш аз банда чизе нагирифтааст.
Маро ҳам намешиносад.
– Пас чи лозим вазиру кабирро ба ришваситонӣ айбдор намудан.
– Он чи ки айён аст ҳоҷат ба байёнаш набошад, магар он ҳама қасрҳои сар ба афлоккашидаи ин «бузургон» бо меҳнати ҳақу ҳалолашон сохта шудааст?
– Албатта, охир онҳо барои ҳамин ҳам вазиранд ва бояд зиндагии шоҳона дошта бошанд.
– Баҳс намекунам, агар гап дар сари танҳо ҳамон «бузургон» мерафт.
– Гап дар сари кист?
– Гап дар сари ёварони он «бузургон». Ҳар як «бузург»–ро ёварест ва ёвари ӯро боз ёвар, мисли нимкосаҳои таги коса.
Ҳама чун сояе дар сояи Худо, ҳама дасту остин барзада ман мегуфатигиҳо. Ҳама наҳанг…
– Чун худат?
– Дар ин уқёнуси пуршӯру шар наҳанги танҳо бо ҳама бузургиаш ҳеҷ аст, мисли оне, ки гурги танҳо аз саге беш нест.
– Пас шумо ҳам галлаед?
– Галла. Хоҳ галлаи гург пиндоред, хоҳ галлаи наҳанг.
Маҳз бо ёрии ҳамин галла банда рӯи об баромадам.
– Яъне ҳайвондухтур сохтмончӣ шуд?
– Ҳайвондухтур не духтури ҳайвонот гӯед ва ҷойи айбаш ҳам нест, ки духтури ҳайвонот сохтмончӣ шудааст. Ба як мард чил ҳунар кам аст.
– Албатта, дар ҳоле ки он мард ба галла ҳамроҳ аст…
Дар ҳамин асно автомашина такони сахте хӯрд ва Боҳир Қаюм қариб аз курсии қафо парида буд. Ронанда бо як маҳорти зиёде баҳри ба эътидол овардани автомашина чанбараки рулро гоҳ ба чапу гоҳ ба рост тоб дода, ниҳоят автомашинаро дар самти ҳаракати худаш рост кард. Лаҳзае пас ронанда автомашинаро ба самти рости роҳ бароварда боздошт.
– Чӣ гап шуд? – каме ором шуда пурсид Боҳир Қаюм.
– Автомашинае ба мо бархӯрд, – қасдан бархӯрд гуфт ронанда.
– Кадом автомашина?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё