Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба таври дигар гӯем банда ба номи хеш ҳамчун мард исноде наовардам ва агар хатаре ҳам ба ман таҳдид намояд, на аз он самт.
– Пеш аз ба дорулахлоқ рафтанат чӣ?
– Танҳо бо нуги қалам чорпоёнро ба зери тармаю сел бурдаам ва он ҳам ба хотири рӯзгори ободи мардум.
«Ба хотири мардум не,– нидо омад аз қалбаш, – балки ба хотири як гурӯҳи хурди нобакорон, ки сари мансаб нишаставу ба намакдони давлат туф менамуданд. Оқибат ҳамроҳи он ҳама носипосон ба ҷазои Офаридгор дучор шудед ва қиёматро дар ҳамин дунё ҳам бошад бо чашми хеш бидидед…
– Хайр дидед, ки мо алакай ҷазои хеш бигирифтем, пас марги ман ба кӣ лозим?
– Мо низ чун худат дар ҳалли ин муаммо оҷизем.
– Вале муфаттиш бар он ақида аст, ки Мухтор Ҳайдар тасодуфан ҳадафи тири қотил қарор гирифтааст.
– Шояд муфаттиш ҳақ бошад?
– Кӣ медонад?
– Тайи ин солҳое, ки ба масолеҳи сохтмонӣ чун кана часпидаӣ, шояд сади роҳи наҳанге гаштаӣ?
– Ман алакай худ наҳангам, на кана ва агар ба масолеҳи сохтмонӣ ҳам часпида бошам, на чун кана.
– Хайр фикри худат дар ин бора чӣ хел аст?
– Аслан ман чун занбӯри асалам ва шириниро дӯст медорам. Ба тарзи дигар гӯем ман ба масолеҳи сохтмонӣ чун занбӯри асал ба ширини нигоҳ мекунам. Чун занбӯри асал банда ҳамеша дар даву тозам, дигар на Новосибирск монду на Новокузнетск. Тамоми гулҳои он маконро макида омадам. Аз се як ҳиссаи сохтмонҳои шаҳрро бо ашёи хом таъмин намудам. Чӣ хеле, ки шумо худ огоҳед, аз ин ҳисоб чандин вазиру кабир ҳам баҳра бурданд. Пас чӣ лозим марги ман ба касе?
– Беҳтар мешуд, ки онро аз ҳамон вазирону кабирон мепурсидед?
– Сода будаед?
– Чаро?

пешина
аз 515
навбатӣ