Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Оё андеша накардед, ки он тир бояд қафаси синаи шуморо мешикофт, ба ёд овард суоли он оташи фурӯзонро, ки дар ҳамон лаҳза вуҷудаш чун тир сӯхта буд.
– Росташро гуфтам, вале намедонам бовар кард ё не. Ҳатто бо он ҳама бетаҷрибагӣ муфаттиш бар он ақида аст, ки Мухтор Ҳайдар тасодуфан ҳадафи тири қотил қарор гирифтааст.
Модоме, ки чунин аст пас қотил қасди ҷони худи ман доштааст.
Ӯ лаҳзае чашм кушода боз ба қафо ва ҳарду самти ҳаракати автомашина нигарист, вале ҳеҷ хатареро ҳис накард. Автомашинаҳо дар хатти муайян бо риоя намудани фосилаи байни ҳамдигарӣ дар ҳаракат буданд. Чун ронандаро ба ӯ коре набуд, фурсатро ғанимат шумурда боз чашмонашро пӯшид, то андешаҳои хешро ба як нуқтаи муайян гирд оварад.
– Чаро қафаси синаи маро, барои кадом гуноҳам?
– Ҳарчанд фаришта ҳам набошам, вале ба касе чунон бадие нанамудаам, ки баҳрам чунин ҷазоро раво бубинад. Ба хотири рӯзгори осудаю ободи мардум ва дастурхони пурнозу неъмати онҳо шуда, дар замони сарвари идораи суғурта буданам садҳо не дурустараш ҳазорон сар ҳайвоноти калону хурдро бо нуги қалам ба зери тармаю сел бурдам. Барои «корнамоиҳоям»
давлат муддати даҳ сол аз ҳисоби хеш дастаи муҳофизонро ҷудо намуд. Ба қавле қалам алами хеш аз ман биситонид, ҳарчанд банда ҳамаи ин корҳоро баҳри ободии дастархони мардум ва рӯзгори осудаи онҳо намуда будам. Ба пайғамбари Худо неки роҳрав нест, пас аз бандагонаш чӣ ҷойи гила…
– Ҳар он чи ки муфаттиш гуфт, дуруст гуфт ва маро лозим аст, ки баҳри эмин мондани сари хеш рӯзгори гузаштаю имрӯзаамро дар тарозуи вақт баркашам.
– Ҳарчанд камина ба гузаштаи хеш ифтихор карда наметавонам, вале ба хотири дарёфти ҳақиқат боз дафтари хотироти хешро варақгардон мекунам…
– Дар ҳабсхона ҳаргиз ҳавои сарвариро ба ёд наовардам ва аз ҳамин хотир касе аз сарварони кунунии он бандаро ба қатл маҳкум карда наметавонанд. Дар ин ҷода дар маҳбас низоми сахте ҷорист. Тайи солҳои дар он ҷо буданам боре ҳам ёвари кормандони оперативии он даргоҳ нашудам, ҳарчанд худи кормандони фаврӣ – ҷустуҷӯи дар ин бора бисёр ҷаҳду талош намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё