Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ному насаби он кас?
– Аз кӣ?
– Аз ҳамон маҳбубаи нуздаҳсолаатон?
Занги телефон садо доду Фурӯғи Шариф тугмачаи исти диктофонро пахш намуда, гӯшакро бардошт ва лаҳзае пас аз дафтари кориаш берун шуд.

… 9 …

Аз бинои прокуратура баромада, таксиеро боздошта, ба курсии қафо нишаст. Чун ронанда автомашинаро ба маҷрои калони нақлиёти шаҳрӣ даровард, Боҳир Қаюм лаҳзае ба қафо нигарист ва сипас чашмонашро пӯшид. Аз он чи ки дишаб ба Маскав нарафт, худро маззамат ҳам накард. Ҳаминаш намерасид, ки мақомоти тафтишоти ӯро ба марги муҳофизаш айбдор намоянд. Шояд агар ӯ мерафт кор айнан чунин сурат мегирифт.
Баҳри кормандони мақомоти тафтишотӣ элак ҳам баҳона мешавад. Дар он сурат ӯро боздошта ба милиса меоварданд.
Мегуфтанд, ки гуноҳ ки дошт думро хода карда гурехт.
Ӯ лаҳзаи аввали ба прокуратура омаданаш гумон дошт, ки вайро ҳеҷ набошад худи сарназоратчии қонун ва ё ҷойнишинаш мепурсанд, мисли ҳамон замонҳое, ки ӯ ва ҳамаслакони гунаҳкорашро як бригадаи махсуси тафтишотӣ мепурсиданд.
Ин ҷо бошад ҳамааш баръакс шуд, чун навбатдор матлабаш бишунид вайро ба назди он духтараки резапайкаре бурд.
Гумон намуд, ки аз дасти он духтарак коре ҳам намеояд, вале хатто кард. Назараш нагирифту қариб худро ба бало монд.
– Духтар не оташ, ё чи хеле ки дар кӯҳистон мегӯянд алови пӯш5 , номаш ҳам зебо Фурӯғ. Чун Фурӯғи Фарухзод, не он кас шоира ва адабиёти муосири Эрон ба номаш ифтихор дорад, ашъораш ба ӯ низ писанд аст. Ин кас бошад Фурӯғи Шариф, ба ҷойи шеър навиштан бо ҷинояткорон даст ба гиребон. Аз суҳбаташ маълум, ки бо гург ҳам гуфтугӯ карда метавонад, ҳатто Субҳияро ба сабукпойӣ гунаҳкор карданӣ шуд. Гуфтам–ку духтар не, оташ, алови пуш…

пешина
аз 515
навбатӣ