Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба фикрам шумо номи он касро кайҳо доғдор намудаед, гӯед, ки он кас шавҳар дорад?
– Не.
– Пас аз ҳама ин пинҳонкориҳо чӣ суд?
– Чунки он кас ҳанӯз ба шавҳар набаромадаанд ва агар мардум шунаванд чӣ мегӯянд?
– Чӣ ҳам мегуфтанд? Мегуфтагистанд, ки духтари фалонӣ шарму ҳаёро пеши по зада… Он кас бо балоғат расидагианд?
– Ҳа. Ба наздикӣ нуздаҳсола шуданд.
– Беҳтар мешуд, ки мушу гурбабозиро бас мекардем. Шуморо бори дигар огоҳ мекунам, ки надодани нишондод ва ё додани нишондоди бардурӯғ дар асоси моддаҳои 351–352 Кодекси Ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст ва шумо дар протоколи пурсиши шоҳид (муфаттиш ба протоколи дар пешаш буда ишора намуда буд) огоҳонида шудед.
– Медонам.
– Медонед, вале аз гуфтани ҳақиқат метарсед.
– Ҳақиқат мегӯед, вале андешаи нархи онро намекунед.
– Аз дусар шуморо аз гуфтани ҳақиқат роҳи гурез нест ва беҳтар мебуд, ки тезтар сари ҳамин масъала бармегаштед.
– Ду моҳи охир банда пойбанди гесувони маҳваше гаштаам.
– Беҳтар мебуд, ки бе эҳсосот гап мезадед, чунки худи ман тоқати шунидани он радиодрамаҳои ишқиро надорам ва ба замми ин нисбат ба онҳое, ки муҳаббатро чун бозичаи рӯзмарра истифода мебаранд, нафрат дорам.
– Набошад ба шумо чи хел фаҳмонам.
– Бе фалсафа, ҳамин хел оддӣ карда гап занед?
– Гуфтам – ку ман даҳ – дувоздаҳ маротиба он касро то ба пеши хонаашон гусел намудам. Дирӯз баъди баромадан аз тарабхона аз Мухтор хоҳиш намудам, ки он касро то манзилаш гусел намояд.
– Оё андеша накардед, ки он тир бояд қафаси синаи шуморо мешикофт?
– Андеша ҳам намудам, вале ба хулосае омада натавонистам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё