Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чи бошад, ки ин шом ӯ боз ҳамон саргузашти қадимаро ба ёд овард. Ҳарчанд Масрури Мусо ҷавонмарди дар зоҳир чор кас медидагӣ буд, вале ботинаш чун ангиштсанг сиёҳ буд на ба он хотир, ки ӯ ин субҳ бо ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҷанҷол намуда буд, балки ба он хотир, ки ӯ ҳеҷ гоҳ суханро аз номи худ намегуфт, ҳамеша ба гуфтаҳои генерали тағояш такя мекард. Генерал ин хел гуфт, генерал он хел гуфт ва ҳоказо.
Ҳамагон медонистанд, ки он генерал ба ӯ ягон хешутаборӣ надорад, вале зиндагӣ ҳардуро, ки ҳамсӯзу ҳамсозанд бо ҳам наздик карда буд.
Духтараке, ки дирӯз донишгоҳро хатм намудааст, худро мутеи касе намешуморад, мустақил буданашро собит карданӣ мешавад, рӯйрост мегӯяд, ки ман соя нестам, вале шахсе, ки дар милиса баъди сарвари ШКД курсии дуюмро ишғол намудааст, аз номи ким кадом як генерали чун худаш манфур дигаронро тарсонданӣ мешавад. Худоё, ин замин чӣ тавр чунин фардҳоро бардоштааст? Наход барои вазифа шуда мард ба чунин пастию палидӣ роҳ диҳад.
– Чи дунёе, чи дунёе, чи дунё…
– Дунёро ба як қарор кай мебинам?
– Ҳеҷ гоҳ, нидо омад аз қалбаш.
– Чаро?
– Чунки аз замони Одам то Ҳотам ва аз Ҳотам то ба ин дам нафс сари қудрат аст…
– Магар ин бад аст?
Чун аз қалбаш ҷавобе нашунид худ сари ҳамин масъала ба андеша рафт. Дар нигоҳи ӯ нафс на танҳо тарафҳои манфӣ, балки тарафҳои мусбӣ ҳам пайдо намуд. Рафту агар нафс намешуд ҷамъият дар ҳоли обшинаи ибтидоӣ боқӣ мемонд.
Маҳз ба хотири нафс шуда мардумон оташро кашф намуда, то ба фатҳи кайҳон расиданд. Ҳамаи он дуҳазору панҷсад ҷангҳои хурду бузурге, ки дар таърих номнавис шудаанд ба хотири нафс рӯйи саҳна омадаанд ва гурӯҳе гурӯҳи дигарро низ ба ҳамин хотир сарнагун намуда, ба хок яксон кардаанд, то замин, об ва макону манзили хешро беҳтару хубтар намоянд.
– Пас ин ҳама оҳу шеван аз баҳри чист?
– Надонам.

пешина
аз 515
навбатӣ