Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чашми танги дунёдорро ё…
– Ё чӣ?
– Ё қаноат пур кунад ё хоки гур.
Занги телефон садо доду ӯ гӯшакро бардошт.
– Рафиқ майор гурӯҳи якум васигии объектро ба дӯши хеш гирифт.
– Ташаккур!
Боздошти ӯ низ дар милиса аз ҳамин хотир буд, вагарна кайҳо дар хона мешуд. Баъди бозгашт аз прокуратура ӯ андешаҳои Фурӯғи Шарифро дар бораи ба зери ҳимоя гирифтани Боҳир Қаюм тариқи гузориши махсус ба самъи роҳбарияти ШКД расонид.
Сари ин масъала сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврӯз Умар дар ҳузури Оташак ва Воҳид Камол андешаҳои хешро иброз намуд ва тарафҳо ба мувофиқаи ягона омада, аз қафои Боҳир Қаюм назорати беруниро дар режими фаъолияти оперативӣ (бе розигии прокурор) рухсат доданд.
Ҳанӯз аз замони кори якҷоя бо Махсуми Амириён ӯро тадқиқи ҳамарӯзаи собиқ сарвари ШКД дар ёд аст: «Ба хотири таъмини бехатарии шаҳрвандон милиса бояд таваккал намояд, ҳарчанд ин таваккал ба ӯ гарон ҳам афтад…»
Баъди бозгашт аз прокуратура дар ҳоле, ки ҳанӯз дар роҳ буд ӯ суханони устоди хеш ба ёд овард. Агар ҳодисае рух диҳад нахоҳанд, гуфт ки муфаттиши прокуратура чорае наандешид, балки хоҳанд гуфт, ки муфаттиш дар ин бора бо Абдумаҷидов суҳбат намуда буд.
Дар ҳолати тенҷию амонӣ ҳама кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки муваффақиятҳои ба даст овардаи дигареро ба номи хеш номнавис намоянд, вале чун ҳолати ногузире рух диҳад, чунин афрод «муваффақиятҳои» хешро ҳам ба номи дигаре номнавис карданӣ мешавад. Абдумаҷидов тайи солҳои кор дар милиса на як бору ду бор бо чунин афрод рӯ ба рӯ омада буд.
Боз як рӯзи шодию ғам паси сар шуд. Дар давоми бисту чор соати охир ягон гиреҳе аз ҳодисаҳои дар кӯчаи Сулҳ рухдода ба даст наомада буд, вале гуфта намешуд, ки ях то кунун сахту мустаҳкам аст. Бозёфти таппончаи навъаш номаълум аз дохили қубури партовгоҳи пеши бинои нӯҳошиёна нишондоди Боҳир Қаюм ва хулосаи муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф дар бораи тасодуфан ҳадафи тир қарор гирифтани Мухтор Ҳайдар як таркиши бузурге дар атрофи ях буд.

пешина
аз 515
навбатӣ