Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ях ба ҷунбиш омад, такон хӯрд, пора гардид, вале рӯзеро аз умри инсонӣ рабурд, рӯзеро ки худи инсон аз рафтани он хурсанд аст, бехабар аз он ки заррае ҳам бошад он аз пораи умри боқист.
Абдумаҷидов аз ҷой бархеста чароғро хомӯш кард. Дар берун сармо ҳукмфармо буд, сармои зимистон чун сармои зимистони Сағирдашт, ки бар хилофи сармои ин ҷо сармои Сибирист. Ӯ гиребони палтояшро бардошта аз зинаҳои пеши бинои милиса ба поён ҳаракат кард.
– Не, дар ягон ҷо зимистон чун зимистони Сағирдашт зебо нест, ҳама ҷо барф, ҳама ҷо сап– сафед, ин ҷо бошад… Ӯ дар оғӯши торикӣ ба сӯи истгоҳ ҳаракат кард… Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт…

… 15 …

Муфаттиши прокуратура сари субҳ бозёфти дирӯзаи Абдумаҷидовро ба ёд оварда, изҳори нигаронӣ бар он намуд, ки то ҳанӯз мармие, ки тариқи он Мухтор Ҳайдар ба ҳалокат расонида шудааст, барои ташхис ба онҳо пешниҳод нагардидааст.
Муфаттиш аз дафтари кории сардори ташхисгоҳи криминалисти, ки тобеъи Вазорати корҳои дохилӣ буд, ба ташхисгоҳи тиббӣ - судӣ занг зада, аз натиҷаи кори онҳо пурсон шуд. Ба суоли вай ташхисгари тиббӣ Сайдалои Қудрат посух дода гуфт, ки то бегоҳ хулосаи расмии хешро аз рӯйи ҳодисаи шаби 7-ум ба 8-уми январ дар кӯчаи Сулҳ рухдода ба прокуратура мефиристад.
– Ман дар бораи аз кадом навъи яроқ ба ҳалокат расидани Мухтор Ҳайдар пурсиданӣ будам.
– Мармиро мо аз тани Мухтор Ҳайдар берун оварем вале он ба кадом навъи яроқ мансуб аст чизе гуфта наметавонем. Аз рӯйи шаклаш он тири таппонча аст. Дар ин бора мо дар асоси низомномаи хеш амал намуда, баъди маслиҳат бо мутахассиси соҳаи баластика хулосаи хешро хоҳем гуфт.

пешина
аз 515
навбатӣ