Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ҳоло дар шуъбаи ташхисгоҳи криминалистии ВКД дар назди сардори шӯъба. Хоҳиш мекардам, ҳар чи тезтар ба хулосаи хеш нуқта гузоред!
– Ман алакай гуфтам, ки то бегоҳ хулосаи ташхисгоҳи тиббӣ – судӣ дар болои мизи кории шумо мешавад.
Фурӯғи Шариф гӯшакро ба ҷояш монда, баъди чанд дақиқа бо сарвари ташхисгоҳ худоҳофизӣ намуд. Аз бинои ЭКО бурун омада, ӯ тариқи телефони мобилӣ бо Абдумаҷидов дар тамос шуда дар бораи ба прокуратура даъват намудани Субҳия маслиҳат пурсид.
– Он ду дилдода худи ҳозир дар қаҳвахонаи Сарез бо ҳам суҳбат доранд, хабар дод Абдумаҷидов.
– Ба фикрам шумо кори бандаро ҳам осон намудед, вале метарсам, ки мабодо ин вохӯрии онҳо ба натиҷаи тафтишот зарар наорад.
– Барои мо муҳимаш саломатии шахс ва боқӣ ҳама манфиатҳо характери дуюмдараҷа дорад.
– Ташаккур. Акнун мегуфтед, ки ман чӣ кор кунам?
– Чун назорати мо беруна асту характери оперативӣ дорад, мо худро ошкор карда наметавонем.
– Мо гуфта киро дар назар доред?
– Милисаро?
– Шумо худатон ҳам дар гурӯҳи назоратиед?
– Не.
– Пас ман чӣ кор кунам?
– Агар хоҳед ба қаҳвахонаи Сарез равед, ҳамин хел тасодуфан, аминам, ки маро мефаҳмед?
– Фаҳмидам ман худам боз занг мезанам, – гӯён муфаттиш ба гуфтугӯ нуқта гузошт.
– Баъди даҳ дақиқа ӯ вориди қаҳвахонаи Сарез шуд.
Боҳир Қаюм, ки пушт ба тарафи тиреза меистоду рӯ ба сӯйи дари даромадгоҳ аз ташрифи ногаҳонии муфаттиш сару калобаашро гум кард, вале чун марди аз баду неки ҷаҳон воқиф ҳамоно худро ба даст гирифта, аз ҷой бархест ва ба тарафи муфаттиш, ки алакай ба курсие нишаста буду омадани пешхизматро интизор ҳаракат намуд. Чун муфаттиш саргарми тамошои номгӯи хӯрокҳо буд, Боҳир Қаюм гулу рушан кард.

пешина
аз 515
навбатӣ