Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фурӯғи Шариф сар бардошта Боҳир Қаюмро дар рӯ ба рӯяш дида пурсид?
– Шумо?
– Бале, ман.
– Агар ба ман сухане гуфтанӣ дошта бошед беҳтар мешуд, ки ба идора меомадед. Ҳа, дар воқеъ гуфта монам, ки аз қафои ман поида гаштанатон хуб не.
– Бубахшед ман, ман…
– Марҳамат шинед, – гӯшам ба шумо гӯён муфаттиш курсиеро ба Боҳир Қаюм нишон дод.
– Ман дар ин ҷо танҳо не, – ба курси нишаста истода гуфт Боҳир Қаюм.
– Шояд баҳри тарсондани ман омадед, вале шуморо огоҳ мекунам, ки маро на аз шумо ва на аз он дӯстони (муфаттиш ба тарафи курсие, ки ду – се нафар мардони қариб ҳамсину соли Боҳир Қаюм менишастанд ишора намуд) калабуратон, агар дар ҳақиқат ҳам онҳо калабур бошанд боке нест…
Аз чунин тарзи суҳбат Боҳир Қаюм қариб, ки даступо хӯрд ва баҳри ба эътидол овардани вазъи ба амаломада гуфт:
–Ман дар ин ҷо ҳамроҳи Субҳия.
– Ҳамроҳи кӣ?
– Ҳамроҳи Субҳия, ҳамон духтараке, ки Мухтор Ҳайдар ӯро то пеши хонаашон гусел намуда буд.
– Ман бошам гумон намудам, ки шумо ҳамроҳи вайҳо, – ӯ боз ҳамон ду – се нафарро нишон дод.
– Гумонҳои беасос.
– Хуб мешуд, ки ба назди маҳбубаатон бармегаштед, то боз вай ҳам гумонҳои бад накунад.
– Ман алакай ба он кас гуфтам, ки шумо муфаттиши прокуратураед.
– Наход.
– Чӣ магар кори нодуруст кардам?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Шояд шумо ҳам бо мо якҷоя…
– Не, ман шитоб дорам, тезтар тановул намуда, ба идора рафтанам лозим, намехоҳам ба суҳбати маҳрамонаи шумо халал расонам.

пешина
аз 515
навбатӣ