Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Боке нест агар якҷоя тановул мекардем, сари мо то ба осмон мерасид.
– Ягон вақти дигар. Ҳа, дар воқеъ агар вақтатон бошад ман шуморо дар идора мунтазир мешавам.
– Ман розӣ.
– Субҳия чӣ?
– Он кас ҳам нияти ба назди шумо рафтан дошт ва гумон мекунам, ки вай ҳам дар ин бора эътирозе нахоҳад кард.
– Хайр суҳбат боқӣ, – гуфт Фурӯғ ва пешхизматро ҷеғ зад…
Боҳир Қаюм суҳбат боқӣ гӯён аз ҷой бархест ва ба тарафи он мизе, ки Субҳия менишаст ҳаракат намуд…

… 16 …

– Хуш, корҳо чӣ хел?
– Қариб ҳама расво шуда буд.
– Чӣ хел расво?
– Вай гумон дорад, ки ман аз паяш омадам.
– Гуфтам – ку нарав.
– Ҳаминаш беҳтар шуд.
– Боз мегӯӣ, ки корҳо қариб расво шуда буданд.
– Ҳа гуфтам, вале дар охири суҳбат мо ҳамдигарро фаҳмидем.
– Пас чаро вайро ба ин ҷо даъват накардӣ?
– Эй Субҳия, Субҳия…
– Чӣ Субҳия, Субҳия.
– Онҳо аз сояи хеш ҳазар мекунанд, мо ба фикрам қариб,
ки гумонбаршудагони рақами якем.
– Ман гуноҳе надорам.
– Ман чӣ?
– Ту ҳам.
– Он кас бо худат суҳбат кардан мехоҳад.
– Дар ҳамин ҷо?
– Не, дар прокуратура.
– Гумон дорад, ки ман қотилро медонам?
– Не.

пешина
аз 515
навбатӣ