Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Пас ӯ чӣ мехоҳад?
– Аз он кас хафа шудан лозим не. Хоҳу нохоҳ ба суолҳои онҳо ҷавоб доданат лозим меояд.
– Кай?
– Баъди аз ҳамин ҷо баромаданамон.
– Он шаб бошад, андешаҳоят дигар хел буданд.
– Кадом шаб?
– Ду шаб пештар вақте ки ман аз ҳодисаи ба сари Мухтор – ако худатро огоҳ намудам.
– Ба ростӣ дар он лаҳза ман худам ҳам даступо хӯрдам ва хайрият, ки ба Маскав нарафтам.
– Мерафтӣ чӣ?
– Дар он сурат соя ба болои ман меафтид. Аз ду сар мегуфтанд, ки ба нақшагирандаи он ҳодиса ман будам ва маҳз барои он ба Маскав рафтам, ки баҳри хеш алибӣ тайёр намоям.
– Алибиаш чист?
– Ин як намуди далеле, ки шахс дар вақти содир шудани ҷиноят дар он ҷо набуд. Барои чунин ҳолатҳо билети самолёт ва нишондоди стюардесаҳо кофист.
– Яъне барои ман ҳам алибӣ лозим?
– Чиро дар назар доред?
– Ки дирӯз ман баъди дарс дар хона будам.
– Сода будаӣ. Дар муносибати ҳозираи мо нобоварӣ низоъро ба вуҷуд оварданаш мумкин.
– Яъне, ки худат аз ман боварӣ дорӣ?
– Албатта.
– Пас чаро дирӯз ба донишгоҳ рафтӣ, ё гумон карди, ки ҳангоми дар Маскав будани худат ман бистари дигар касро гарм мекунам.
– Ба донишгоҳ баҳри он рафтам, ки телефони дастиат хомӯш карда шуда буд. Баъди он садамаи нақлиёти ман сару калобаамро гум кардам.
– Сару калобаатро гум кардӣ ё рашк боло гирифт?
– Ё ҳар ду.
– Аниқтараш?
– Ба ростӣ рашк ҳам буд.

пешина
аз 515
навбатӣ