Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Пас аз ин рафтори худат ба хулосае омадан мумкин, ки то кунун ба ман боварӣ надорӣ.
– Рашк ин тамоман чизи дигар аст.
– Аз нигоҳи худат, – талх карда гуфт духтар.
– Не, аз нигоҳи муҳаббат.
– Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
– Агар ман нисбат ба худат бе тафовут мебудам, ҳаргиз ба донишгоҳ намерафтам.
– Инашро медонам.
– Пас чӣ лозим коҳи кӯҳнаро бод кардан, ба гумонам мо алакай сари ин масъала ба мувофиқа омада будем.
– Шояд, вале чун худат сари алибӣ сухан гуфтӣ ман ҳам ақидаи худатро дар ҳамин бора донистан хостам.
– Алибӣ ба онҳо лозим.
– Ба кӣ?
– Ба милиса ва прокуратура.
– Ман гумон мекунам, ки алибӣ ба дилдодагон ҳам лозим аст.
– Ман чунин намешуморам.
– Ин хел бошад гӯед, ки кай аз очаи Шаҳлоҷонат ҷудо мешавӣ?
– Чун вақту соаташ ояд.
– Бузак, бузак намур, ки баҳор меояд, ҳамин хел?
– Ман алакай дар ин бора гуфта будам.
– Алибии пештараат пазируфта нашуд.
– Чаро?
– Чунки ман зани дуюм шудан намехоҳам.
– Набошад тоқат намо.
– То ба кай?
– Гуфтам – ку то вақту соаташ, чун Шаҳлоҷонро гусел намоям аз пайи ҷудошавӣ бо модараш мешавам.
– То Наврӯз ба худат муҳлат.
– Имрӯз ба фикрам ҳардуямон бо дасти чап аз хоб хестаем.
– Не, ман ҳамеша бо дасти рост аз хоб мехезам.
– Набошад ман бо дасти чап хестаам.
– Шояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё