Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аслан ҳоло вақти ин гапҳо не, чунки суҳбати муфасалтаре ту ҷони ширинро интизор аст.
– Бо ҳамон духтарак.
– Медонӣ ман дар бораи вай чӣ фикр дорам?
– Аз куҷо донам.
– Дирӯз ҳангоми суҳбат ман ба хулосае омадам, ки бо ҳама ҷавониаш ҳамон духтараки мегуфтагиат, ки шояд аз худат на беш аз се – чор сол калонтар аст, кори хешро нағз медонад.
Хоҳиш мекунам ҳангоми суҳбат бо вай ҳамин ҳолатро аз ёд набарор.
– Маълум, ки ҳоло ҳам маро духтараки бетаҷриба мепиндорад. Бубин, дирӯз бо ту чӣ кардам. Ангуштаринатро гирифтаму аз набуданат истифода бурда, бистари ҷавони дигареро гарм кардам. Акнун мо бо ӯ чун кабутарони ҳамболем. Бо ҳама пойлучиаш ӯ ба ман маъқул шуд. Насиб бошад, боз ҳафтаи оянда бо вай вомехӯрам. Бо вай вомехӯрам ва бо худат хонадор мешавам, то соҳиби он ҳама сармояат гардам. Ба ивази ин ҳама некиҳоят ман боз ба ту шох ҳам мемонам, – аз дил гузаронд Субҳия ва бо овози шунаво гуфт: – Кушиш мекунам…
– Дар ҳамин ҷо ҳам моро ором нагузоштанд.
– Ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад, – хандида гуфт Субҳия.
– Дар ҳозирҷавобӣ ин кас бало, вале намедонам дар корҳои рӯзгор чӣ хел бошад? – аз дил гузаронд Боҳир Қаюм ва бо овози шунаво гуфт: – Моро ҷойи тарс нест.
– Чӣ хубе. Беҳтар мешуд, ки аз ин ҷо мерафтем.
Боҳир Қаюм пешхизматро ҷеғ зада, бо ӯ ҳисобӣ намуд.
Муфаттиш бо гӯшаи чашм дилдодагонро гусел намуд ва худаш ҳам пешхизматро ҷеғ зада ҳисобӣ намуду аз дар баромад.
Боҳир Қаюм ҳамроҳи Субҳия ба таксие нишаста ба самти шимоли шаҳр ҳаракат намуданд, гурӯҳи назорати беруна, ки савори автомашинаи «Жигули ВАЗ– 2107» буданд таксиро то қарибиҳои даромадгоҳи прокуратураи ноҳияи Гулистон дунболгирӣ намуданд.

пешина
аз 515
навбатӣ